00:49:43 03-уми Июни 2025 сол

ФАЪОЛИ ҲНИТ ДАР ВОСЕЪ БА ҚОЧОҚИ ЗАНОН МУТТАҲАМ ШУД

Пулис дар ҷануби Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Абдурозиқов, як фаъоли ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Восеъро ба даст доштан дар қочоқи занон муттаҳам кардааст. Давлат Наҷмидинов, сардори шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ки оқои Абдурозиқов ба даст доштан дар "фурӯши ду зан" гумонбар дониста мешавад. Маъмурони интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд ва таҳқиқ идома дорад.

 

Оқои Наҷмиддинов гуфт: "Ҳангоми корҳои ҷустуҷӯӣ, 17 апрели соли ҷорӣ маълум гардид, ки Абдулфаттоҳ Абдурозиқов бо ҳамроҳии Шарифов Неъматулло ба хонаи як сокини шаҳри Кӯлоб рафта ва оид ба хариду фурӯши духтари ноболиғи 16-солааш маслиҳат намудаанд ва ӯро 500 дулор нарх гузоштаанд."

 

Ин маъмури пулис афзуд: "Дар натиҷа, мо онҳоро аз деҳаи Чоқтемури ноҳияи Кӯлоб дастгир намуда, далелҳои шайъӣ, аз ҷумла шиносномаи духтари ноболиғ ва билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Русияро аз Абдулфаттоҳ Абдурозиқов бозёфт кардем. Дар рафти тафтиш муъайян карда шуд, ки онҳо мехостанд ин духтарро ҳамон шаб ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд."

 

Ба иттилоъи оқои Наҷмидинов, ин афрод ду моҳ қабл хоҳари бузурги ҳамин духтарро низ аз модараш ба маблағи 200 дулори омрикоӣ харидорӣ намуда ва ба шаҳри Екатеренбурги Русия интиқол додаанд. Ин духтарро шайхе ба номи Абдураззоқ дар Қазоқистон ба унвони зани дуюм гирифта ва дар хонааш нигоҳ медорад. Ба гуфтаи ин духтар, ин шайх сокини ноҳияи Нов дар шимоли Тоҷикистон мебошад, ки тайи чанд сол аст, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад.

 

Дар ҳамин маврид, Абдулфаттоҳ Абдурозиқов, раиси бахши маҳаллии ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ, ки ҳанӯз боздошт нашудааст, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: "Ҳадафи мо барпо кардани оила буд, на хариду фурӯш. Мо бо волидони он ду духтар рафту омад доштем. Духтари калонӣ, ки аз шавҳараш ҷудо шуда буду дар кӯчаҳо беҳудагардӣ мекард, мо мақсад гузоштем, ки ӯро ба як ҳамсари муносиб диҳем."

 

Оқои Абдурозиқов ҳарчанд ин ҳодисаро эътироф кард, вале дар бораи он назари дигаре дорад: "Мо рафиқе доштем, ки аз вилояти Суғд буда ва дар Қазоқистон ба сифати муҳоҷир кор мекард, бо ӯ хонадор намудем."

 

Вай афзуд: "Духтари 16-соларо, ки волидонаш камбизоъат буданд, мо хостем, ки беҳудагардӣ накунад ва ӯро низ бо нафаре хонадор кунем. Дар натиҷа, як рафиқи дигар дар шаҳри Маскав пайдо гардид, аммо дар рӯзи маслиҳат кормандони интизомӣ аз ин кор монеъ шуданд."

 

Коршиносон яке аз далоили иртикоби ҷароими марбут ба қочоқи инсон ё одамфурӯширо ношӣ аз фақри густарда ва камбизоъатии хонаводаҳои рустоӣ, ҷаҳолат ва бехабарии онҳо аз қавонин ва ҳуқуқи худашон ва суиистифодаи гурӯҳҳои мофиёӣ аз вазъияти бади онҳо медонанд.

 

Аз ҷумла, Маҳбуба Шарифова, раиси созмони ғайридавлатии "Марям", дар бораи ин мавзӯъ мегӯяд: "Дар вақти гузарондани семинору трейнингҳо миёни занону духтарон ба мо маълум гардид, ки мардуми оддӣ аз хариду фурӯши одам хабардор набуда, бо ин корҳо ба доми фиреб меуфтанд."

 

Вай афзуд: "Шахсони миёнарав дар дохили Тоҷикистон ба одамфурӯшӣ мусоъидат намуда, духтарони тоҷикро то 50 ҳазор дулор дар хориҷи кишвар мефурӯшанд. Аслан духтарон ба давлатҳои Қирғизистон ва Русия интиқол дода мешаванд."

 

Давлат Наҷмидинов, сардори шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулис дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, ки дар давоми солӣ ҷорӣ се парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди одамфурӯшӣ ё қочоқи инсон дар минтақаи Кӯлоб боз карда шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2369-2010-05-27-11-48-07.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854