01:00:21 03-уми Июни 2025 сол

ҶАЗНАВОЗИ АМРИКОӢ ДАР БАДАХШОН

Сафоратхонаи ИМА мусоидат намуд, ки дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мардум садои  ҷолиби саксофони Деметриус Спанеасро бишнаванд. Деметриус дар муддати ду ҳафта ба тамоми манотиқи Тоҷикистон сафар намуда, ба садҳо нафар одамон мусиқии ҷаз навохт, ки бисёре аз ин афрод ин навъи санъати беназири америкоиро якумин маротиба мешунаванд.

 

Деметриус на фақат мусиқии худро муаррифӣ намуд, балки бо намояндагони ҳукумат вохӯрда онҳоро ба таҳияи бештари барномаҳои фарҳангию маърифатии тоҷикию амрикоӣ даъват намуд. Ҷаз барои мардуми ноҳияҳои дурдасти кишвар як намуди нави санъат буд. Баъд аз ҳар як консерт тамошобинон дар бораи ҷаз савол медоданд, бадеҳанавозиро (импровизасия) меомӯхтанд ва аз Деметриус хоҳиш мекарданд, ки оҳангҳои писанддидаашро навозад.

 

Дар навбати худ навозандагони тоҷик дар Душанбе, Хоруғ ва Мурғоб барои Деметриус оҳангҳои анъанавии худро менавохтанд.

 

Моҳи май Деметриус дар Хоруғ, Мурғоб ва Душанбе беш аз 10 консерт доир намуд, ки барои бинандагони мухталиф дастрас шуд. Деметриус дар Душанбе, Гӯшаҳои амрикоӣ дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа ва дар Маркази фарҳангии Бактрия ҷаз-фестивал намоиш дод. Ҳамчунин, вай барои мактаббачагони Душанбе ва Сарбанд мусиқии ҷазро навохт ва дар бораи он сӯҳбат орост.  

 

Ҳукумати ИМА аз соли 1991 ҷиҳати таҳкими робитаҳои байни мардуми Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Барномаҳои фарҳангию маърифатии сафоратхонаи ИМА ба ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ тариқи мубодилаи мусиқӣ, санъат, маориф ва фарҳанг мусоидат мекунанд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2379-2010-05-28-20-48-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854