ИМА ТАЪЛИМИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ МЕДИҲАНД
Иҷрокунандаи вазифаи Сафири ИМА Ниша Квост 18 корманди Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералиро ба муносибати хатми курси таълимии сеҳафтаинаи оиди такмили стратегияҳои зиддитеррористӣ дар сатҳи давлатӣ табрику таҳният намуд. Ин курси чоруми кӯмаки зиддитеррористӣ дар соли 2010 мебошад, ки аз ҷониби Идораи ИМА оиди амнияти минтақавӣ сарпарастӣ шудааст.
Ниша Квост иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳида муносиботи худро бо ҳукумати Тоҷикистон хуб арзёбӣ мекунад ва мунтазири ҳамкории давомдор ва дастовардҳои умумӣ аст. Афсарони рутбаи сатҳи болоӣ ва миёнаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон ва прокуророн дар чорабиниҳои мазкур барои таҳия намудани стратегияи давлатии зиддитеррористӣ ва таъсис додани маркази миллии зиддитеррористии дорои қобилияти ошкоркунии созмонҳои террористӣ ва пешгирии амалҳои террористӣ ширкат варзиданд.
Аз соли 2002 инҷониб беш аз 350 хизматчии ҳукумати Тоҷикистон дар курсҳои аз ҷониби Барномаи кӯмаки зиддитеррористӣ ба маблағи тахминии зиёда аз 6 миллион доллари амрикоӣ доир кардашуда ширкат варзиданд. Барномаҳои таълимӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Барномаи кӯмаки зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст.
Курсҳои кӯмаки зиддитеррористӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандае мебошад, ки сафорати ИМА аз номи халқи Амрико дар Тоҷикистон амалӣ менамояд. Аз соли 1993 инҷониб халқи Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисод, муассисаҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва сохтори амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2381-2010-05-28-20-57-42.html