00:53:24 20-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КОНФАРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОБ БАРОИ ҲАЁТ»

Субҳи  имрӯз   дар  Кохи  Борбад дар  доираи Конфаронси байналмилалии сатҳи олӣ бахшида ба таҳлили миёнамӯҳлату доманадори ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», бо ибтикори Тоҷикистон ва таҳти васояти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард. Ташкилкунандаи  намоишгоҳ намояндагии  Агентии  ҳамкории байналмилалии  Швейтсария  дар  Тоҷикистон  мебошад. Ҳадафи кунфронс баррасии раванди иҷрои тарҳҳои марбут ба даҳсолаи “Об барои ҳаёт” дар чаҳорчӯби Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милал мебошад.

 

Дар ин ҳамоиш, ки аз ҳаштум то даҳуми июн идома хоҳад дошт, 30 вазир аз кишварҳои мухталиф ва чандин намояндаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муовини дабири кулли СММ, Ша Сзукан ширкат кард. Тавре  ки  маълум  аст,  Швейтсария барномаи  ҳукумати  Тоҷикистонро  дар  бораи истифодаи   захираи  оби  мамлакат  барои бо  қувваи барқ таъмин  намудани аҳолӣ ҳамаҷониба дастгирӣ  менамояд. Намоишгоҳи  мазкур   имкон  медиҳад, ки  таҷрибаи Швейтсария  дар  бобати  амалӣ  сохтани барномаҳои  марбут ба  истифодаи  самараноки об  дастраси  мамлакатҳои  дигар   гардонида  шаванд.

 

Қабл аз оғози конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ аз намоишгоҳи аксу мусаввараҳои ҳокӣ аз сарватҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои фаровони  обии кишвар дидан карданд. Зимни шиносоӣ бо мусаввараҳои кўдакон, ки истифодаи аз ҷиҳати экологӣ бехатару безарар, ё худ истифодаи босамар ва сариштакоронаи обро таҷассум менамоянд, ба масъулини соҳа дастур дод, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии мусаввараҳоро барои оянда дар мактабҳои олии ин cоҳа таҳсил кардан омода ва пешбарӣ намоянд.

 

Ҷаласаҳои пленарии конфронси мазкур дар бустонсарои ҳукуматии Кохи Сомони пойтахт баргузор хохад гашт. Аз ҷумла худи хамин руз дар Кохи Сомон дар мавзуҳои гуногуни марбут ба конфронси об се мизи мудаввар бо иштироки ҳайатҳо дар назар аст.

 

http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2442--l-r.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi