16:13:26 04-уми Июни 2025 сол

ТАҶЛИЛ АЗ 12-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТ

Маросими асосии таҷлил аз 12-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Ҷашнвора дар варзишгоҳи тозабунёди шаҳри Хуҷанд соати 20.00 шоми имрӯз, 27–уми июн, шурӯъ мешавад ва дар он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони олирутбаи кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ин варзишгоҳи навбунёд, ки дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт, дорои 25 ҳазор ҷои нишаст мебошад ва интизор меравад, ки ҳамин теъдод меҳмонон аз шаҳри Хуҷанд ҳамчунин аз гушаву канори Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷиро барои таҷлили ҷашни Ваҳдат гирди ҳам биёрад. 

Барои бунёди ин маҷмааи варзишӣ беш аз 35 миллион сомонӣ, ҳудуди 10 миллион доллари амрикоӣ, сарф шудааст.

Имрӯз ҳамчунин дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ба муносибати солгарди Рӯзи ваҳдат маъракаву намоишҳои идона баргузор шуд. 

Дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ваҳдати миллӣ барномаи вижаи идона роҳандозӣ нашудааст. Вале иддае аз мардум дар боғу фароғатгоҳҳои пойтахт ҷамъ омаданд ва бо сайругашти дастҷамъӣ алоқаи худро ба Рӯзи ваҳдат ва сулҳ нишон доданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854