15:10:49 28-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ ЯК ДУХТАРИ РУС БА МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Хабаргузории "Балтинфо"-и Русия аз ҳамлаи як духтари рус ба як шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Ленинград ва маҷрӯҳ кардани вай тавассути корд хабар додааст. Ин хабаргузорӣ менависад, ки шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон пас аз ҷанҷол бо духтари ҷавони рус дар хиёбони Синявинскии ноҳияи Кирови вилояти Ленинград ва захмӣ шудан аз зарбаҳои корд ба бемористон мунтақил шудааст. Ҳувияти духтари рус ва табаъаи тоҷик маълум нест, аммо пулис ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст.

 

Манобеъи пулис гуфтаанд, ки табаъаи тоҷик пас аз ҳодиса тавонистааст ба идораи пулис рафта, шикоят кунад ва сипас, маъмурони пулис омбулонсро даъват карда ва ӯро ба бемористон интиқол додаанд. Пизишкон мегӯянд вазъи саломати ин табаъаи тоҷик вахим нест, зеро ҷароҳатҳои ӯ мутавассит буда ва захми корд дар қафаси сина ва бозувони ӯ дида мешавад.

 

Маъмурони пулис мавзӯъи бз кардани парвандаи ҷиноӣ дар ин заминаро баррасӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, сойти "Прогород" хабар додааст, ки додгоҳе дар шаҳри Владимири Русия як сокини 17-солаи ин шаҳрро ба ҷурми ҳамлаи нажодпарастона ба атбоъи тоҷик шартан ба ду соли зиндон маҳкум кардааст.

 

Тибқи ин хабар, шаби 23 августи соли 2009 ҳафт навҷавони рус дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Владимир ба чаҳор табаъаи тоҷик ҳамла карда ва ба яке аз онҳо ҳашт захми чоқу (корд) ворид кардаанд. Додгоҳ яке аз афроди муҳоҷимро шартан ба ду соли зиндон ва се соли озодӣ ба қайди илтизом (испытательным сроком) маҳкум кардааст. Баррасии парвандаҳои шаш нафари дигар ҳануз анҷом нашудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2596-2010-07-02-20-30-06.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ