ТАРКИШИ 37 ВАГОНИ МУМ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, 37 вагони ҳомили мум, ки ахиран аз банди Узбакистон раҳо ва вориди вилояти Хатлон шудааст, дар истгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таркидааст. Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раиси хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, бушкаҳои мум бар асари ҳарорати баланди ҳаво об шуда, таркидаанд. Ба гуфтаи вай, дар пайи ин таркиш вагонҳои ҳомили мум низ, ки моли ширкати «Роҳи оҳан»-и Қазоқистон будаанд, зарар дидаанд.
Масъули ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, ин вагонҳо мебоист моҳи феврал тавассути Узбакистон вориди кишвар мешуд, вале кишвари ҳамсоя ба ин вагонҳо пас аз 6 моҳ дар фасли гармо иҷозаи убур дод, ки сабаби обшавӣ ва таркиши онҳо гардид.
Мумҳои таркида моли ширкати ҷопонии роҳсози мавсум ба «Nipo» будаанд. Ин ширкат масъулияти бозсозии роҳи автомобилгарди Колхозобод-Панҷи Поёнро бар ӯҳда дорад. Ширкати ҷопонӣ нақша доштааст, ки давоми соли ҷорӣ ин роҳро мумфарш кунад.
Дар ҳоли ҳозир барои таҳқиқи сабабҳои ин қазия як комиссиюни махсус таъсис дода шудааст. Муовини раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов гуфтааст, пас аз таҳқиқи ҳодиса ин ширкат алайҳи Узбакистон шикоят хоҳад кард.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2667--37-----.html