13:07:59 07-уми Июни 2025 сол

КУМАКИ РУСИЯ БА НЕРӮҲОИ ЗИДДИҲАВОИИ ТОҶИКИСТОН

Русия таҷҳизоти нерӯҳои зидди ҳамалоти ҳавоии Тоҷикистонро таъмин карда ва хоҳони таҷдиди системи зиддиҳавоии ин кишвар аст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, бо ироаи ин кумакҳо, Маскав қасд дорад то андозае системи амнияти ҳавоии замони шӯравиро эҳё созад. Дар зарфи ду соли ахир нерӯҳои зиддиҳавоии Тоҷикистон аз Русия чанд адад аз муҷтамаъҳои зиддиҳавоии “Печора-2м” дарёфт кардаанд. Сарҳанг Владимир Дрик, намояндаи нерӯҳои зиддиҳавоии Русия, мегӯяд, ки ин кишвар қасд дорад се ҳавзаи истиқрори нерӯҳои зидди ҳамалоти ҳавоӣ – ғарбӣ, қафқозӣ ва осиёимарказиро бозсозӣ ва муҷҷаҳаз созад.

 

Ба ин манзур қарор аст дар зудтарин фурсат бозсозии системи зиддиҳавоии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёбад. Таъмини таҷҳизот барои системи зиддиҳавоии ин ду кишвар ба ширкати “Нител”-и Русия вогузор шудааст. Бозсозии ин системҳо имкон медиҳад, ки иттилоъ дар бораи хатароти ҳамлаи ҳавоӣ мустақиман ба системи кунтрули мушакҳои зиддиҳавоӣ вогузор шавад. Ин амр, ба эътиқоди коршиносон, мизони амнияти кишвар дар баробари ҳамалоти ҳавоиро боло хоҳад бурд.

 

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 14 июл дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло нерӯҳои зиддиҳавоии ин кишвар бо системи “Печора-2м” муҷаҳҳаз мебошанд. Ин системи зиддиҳавоии дорои чандин мушак аз сӯйи давлати Русия аз соли 2008 ба ин сӯ дар ихтиёри артиши Тоҷикистон гузошта шудааст.

 

Гуфта мешавад ин таҷҳизоти мушакии мудерн қобил аст ҳар гуна ҳадаферо, ки бо суръати 700-1000 м/с дар фосилаи то 27 килуметр ва дар иртифоъи то 20 килуметр дар фазо дар ҳаракат аст, раддёбӣ ва нобуд кунад. Ин дастгоҳ ҳамчунин қодир аст аҳдофи низомиеро ҳам, ки хеле наздик ба замин, дар иртифоъи то 20 метр, дар фазо парвоз мекунанд, аз байн бибарад.

 

Оқои Маҳмадалиев мегӯяд, ки дар гузашта низомиёни тоҷик аз системи “С-125м” истифода мекарданд, ки қадимӣ маҳсуб мешуд ва бо фанновариҳои ҷадид созгор набуд. Сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки чи миқдор аз ин системҳо дар ихтиёри низомиёни тоҷик қарор доранд, гуфт, ки "ин иттилоъ сиррӣ аст, вале куллияи ниёзи Тоҷикистон ба ин гуна систем бароварда шудааст."

 

Вай афзуд, ки ҳоло ҷониби Тоҷикистон дар истифода аз ин системҳо низ мушкиле надорад, зеро афсарони мутахассис дар ин замина дар донишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекунанд. Гузашта аз ин, ҳамасола бархе аз кишварҳои ҳамсуд бо баргузории монуврҳои муштарак нерӯҳои зиддиҳавоии худро тамрин медиҳанд. Дар моҳи октябри соли ҷорӣ баргузории боз як чунин тамринот дар назар аст.

 

Чунин ба назар мерасад, ки Русия бо ироаи кумакҳо ва омӯзиши афсарони нерӯҳои ҳавоӣ ва зиддиҳавоӣ қасд дорад кунтрули амнияти ҳавоии кишварҳои шӯравии пешинро ба даст оварад. Соле қабл Русия бо Арманистон созишномае дар бораи таъмини муштараки амнияти ҳавоӣ имзо кард ва ҳоло эълом кардааст, ки мехоҳад бо кишварҳои дигари ҳамсуд низ қарордодҳои мушобеҳе имзо кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2675-2010-07-14-14-51-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854