13:10:50 07-уми Июни 2025 сол

ПАРДОХТИ ҶАРИМА БА ҶОИ ЗИНДОН

Тибқи ислоҳоти нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Маҷлиси намояндагон онро қабул намудааст, шахсони муҷрим дар ҷиноёти иқтисодӣ ва ё интизомӣ метавонанд бар ивази супоридани ҷарима аз рафтан ба зиндон озод шаванд. Ҳуқуқдонҳо ва коршиносон аз ин иқдом умдатан истиқбол кардаанд. Хабаргузории «Азия плюс» аз қавли раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Фозил Азизов менависад, ки банди 54 Кодекси ҷиноии ислоҳшуда иҷозаи имкон медиҳад, бархе аз ашхоси қонуншикан ба ҷои нишастан дар пушти панҷара, ҷарима бисупоранд ва ба ин тартиб, гуноҳи худро бишӯянд ва ба давлат хидмат кунанд.

 

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ низ гуфтааст, ки чунин иқдоме ба назари ӯ ба нафъи ҳам давлат ва ҳам касонест, ки дар содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ муҷрим шинохта мешаванд. Ин қонун ҳамчунин дар мавриди маҳкумшудагоне, ки бахше аз замони маҳкумияти худро пушти сар карданд низ татбиқ мешавад.

 

Аз ҷумла, касоне, ки бо ҷурми мушобеҳ маҳкум шудаанд, метавонад бо пардохти ҷарима озод шаванд. Ва ҳар рӯзи то кунун дар зиндон ва ё боздоштгоҳ пушти сар гузоштаи онҳо баробар ба 50% нишондиҳанда барои ҳисоб, ё баробар ба 17 сомонӣ ҳисоб карда мешавад. Аммо ислоҳоти мазкур ба Кодекси ҷиноӣ шомили ҳоли касоне намешавад, ки ҷиноёти молӣ ё иқтисодии онҳо боиси марг ва зарари сахти ҷисмонии инсон шуда бошад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2713-2010-07-19-10-25-59.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854