23:42:50 02-уми Июни 2025 сол

МАРГИ МАРМУЗИ ПИЗИШКИ БЕМОРИСТОНИ "ҚАРАБОЛО"

 

Хуршед Бобокалонов, мудири шӯъбаи қабули беморони Маркази саратоншиносии беморхонаи мавсум ба "Қараболо", пас аз як муноқиша бо кормандони пулиси шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Хуршед Бобокалонов мехостааст аз роҳ убур кунад ва кормандони пулис ӯро боздошт мекунанд ва байни онҳо хархаша сурат мегирад. Мақомоти вазорати умури дохила сабаби марги Хуршед Бобокалоновро дар мастӣ ва бемории дил доштанаш маънидод карда гуфтанд, ки ӯ дар роҳи ба боздоштгоҳ бурдан ҷон додааст. 

Аммо хешовандон ва шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Хуршед аслан арақ наменӯшид, ва мубталои ҳеҷ гуна беморӣ, бахусус бемории дил набуд ва ӯ як марди солими 32 сола буд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ дар натиҷаи зарбу лат ва шиканҷаи кормандони пулис кушта шудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854