ДОНИШГОҲИ ПИЗИШКӢ: 20 ҲАЗОР ДОЛАР БАРОИ ДОНИШҶӮ ШУДАН
Як устоди Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон барои гирифтани 20 ҳазор долар ришва аз як довталаб боздошт шудааст. Дар як ҳафтаи ахир маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳафт тан аз устодони донишгоҳҳои ин кишварро ба иттиҳоми мушобеҳ боздошт кардаанд. Ҳамзамон эълом шудааст, ки системи омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин ниҳодҳо дар ин кишвар будааст. Ин матлабро рӯзи шанбеи 31 июл дар як нишасти матбуъотӣ Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, эълом кард.
Эъломи ин арқом дар ҳоле сурат мегирад, ки аз фардо, 1-уми август, довталабони унвони донишҷӯйӣ дар куллияи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон ба супурдани имтиҳоноти вурудӣ оғоз мекунанд. Оқои Саидов хабар дод, ки як моҳ қабл онҳо бо куллияи аъзои кумисиюнҳои интихоби довталабон дар донигоҳҳо мулоқот карда ва аз паёмадҳои ришваситонӣ ба ҳангоми қабули донишҷӯён ҳушдор додаанд. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи вай, ҳоло 7 парванда алайҳи устодони донишгоҳҳо бо шумули раисони факултаҳо ба иттиҳоми ришваситонӣ аз довталабон боз шудааст.
Гирифтани ришваи 20-ҳазордоларӣ барои донишҷӯйи донишгоҳи пизишкӣ шудан аз боло рафтани "таъруфаҳои" ғайрирасмӣ барои довталабон шаҳодат медиҳад. Зеро соҳибназарон мегӯянд, ки соле қабл барои дарёфти унвони донишҷӯйии донишгоҳи пизишкӣ масъулон 15 ҳазор долар ришва мегирифтанд.
Фаттоҳ Саидов афзуд: "Дар гузашта мо бар ин назар будем, ки дар донишгоҳҳои текникӣ ё ҳунарҳои зебо мавориди ришваситонӣ аз довталабон вуҷуд надорад. Вале имсол як масъули кумисиюни имтиҳоноти вурудии донишкадаи ҳунарҳои зебо барои гирифтани се ҳазор долар ришва боздошт шуд."
Ҳарчанд ришваситонӣ аз довталабон дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои ахир ба мавзӯъи доғе табдил шудааст, вале то ҳол ниҳодҳои зирабт барои рафъи ин мушкил ба дастоварди назаррасе муваффақ нашудаанд. Ахиран Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, гуфт ҳар довталабе, ки аз донишҳои зарурӣ бархурдор аст, бидуни мушкил донишҷӯ хоҳад шуд. Вале ӯ низ вуҷуди мавориди ришваситонӣ дар ин заминаро рад накард.
Фаттоҳ Саидов дар нишасти матбуъотии рӯзи шанбе ҳамчунин гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ниҳодҳои марбут ба вазорати маъориф 36 мавриди фасод ошкор шудааст, ки бештари онҳо ба "изофанависӣ" марбутанд. Дар идомаи ин феҳраст маъмурони пулис, гумрук, вазорати дифоъ ва додситонӣ қарор доранд, ки бештар аз ҳама зимни ришваситонӣ боздошт шудаанд.
Қазияи писари Бобохонов
Фаттоҳ Саидов дар нишасти матбуъотии имрӯз ҳамчунин қазияи боздошти Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистонро тавзеҳ дод. Ба гуфтаи вай, дар авоили моҳи май як раиси ҷамоъат дар ноҳияи Ҳисор ба Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шикоят кардааст, ки маъмурони додситонии ин ноҳия ӯро ғайриқонунӣ боздошт карда ва аз ӯ 20 ҳазор долар ришва ситондаанд.
Дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса мушаххас шудааст, ки Шоҳрух Нуралиев, маъмури додситонӣ ва Файзулло Бобохонов, додситони ноҳияи Ҳисор, дар ин қазия даст доштаанд. Дар посух ба ин суол, ки чаро Файзулло Бобохонов дар замони додситони кул будани падараш боздошт нашуд, оқои Саидов гуфт: "Агар ҳатто падараш ҳоло низ додситони кул мебуд, мо ӯро боздошт мекардем."
Вай хабар дод, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи Файзулло Бобохонов даст доштани вай дар ҷиноёти дигаре низ ошкор шудааст. Фаттоҳ Саидов хабар дод, ки Бобоҷон Бобохонов ба назди масъулони ожонс омада ва аз иттиҳомот алайҳи писараш огоҳ шудааст. Дар посух ба ин суол, ки оё алайҳи худи додситони кулли собиқ ҳам маводде барои парванда ҷамъоварӣ шудааст ё хайр, оқои Саидов гуфт, ки алайҳи Бобоҷон Бобохонов ҳануз иттиҳоме матраҳ нест.
Вай гуфт, ки таъйини Файзулло Бобохонов ба симати додситони ноҳияи Ҳисор аз сӯйи падараш муғоир бо қавоъиди низоми ҳокимият дар Тоҷикистон аст, зеро пайвандони наздик ҳақ надоранд ҳамдигарро ба симате таъйин кунанд. Ҳарчанд ин ин амр ҷиноят маҳсуб намешавад, вале аз рӯйи низоми идорӣ Додситони кулли собиқ бояд танбеҳ мешуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон таҷрубаи таъйини пайвандон ба симатҳои мухталифи давлатӣ дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Аз ҷумла, духтар ва домоди Президент Раҳмон симатҳои муъовинат дар вазоратҳои хориҷа ва дороиро ба ӯҳда доранд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2806---20-----.html