17:35:17 04-уми Июни 2025 сол

ИҚДОМИ НАҶИБИ ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДА

 

Раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст, тасмим гирифтааст, ки дар доираи маъракаи 900-рӯзи ободонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ободонию нигаҳдошти минбаъдаи Боғи устод Рӯдакиро ба ӯҳда гирад. 

Ин ташаббусро Ҳ. Асадуллозода дар иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод кард ва он аз ҷониби вакилон хуш истиқбол гардид. 

Инчунин, Ҳасан Асадуллозода дар доираи соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ ният дорад, ки дар пойтахт як комплекси муосири варзиширо бунёд созад.

Ҳамзамон, ҷиҳати мусоидат ба рушди варзиш ва солимгардонии аҳолии пойтахт дар иҷлосияи шаҳрӣ муқаррар шуд, ки то охири соли равон дар чор ноҳияи шаҳр бо масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо комплексҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854