13:48:25 02-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ 46 МУТТАҲАМ БА ДАРГИРИҲОИ ТАВИЛДАРА

Додгоҳи олии Тоҷикистон 46 нафар аз муттаҳамон ба даст доштан дар даргириҳои Тавилдара дар тобистони соли гузаштаро барои муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи як манбаъи додгоҳ, аз миёни ин афрод ду нафар ба ҳабси абад, 23 нафар ба муҳлати 30-солӣ ва чанди дигар ба муҳлатҳои аз 10 то 25-солӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Муҳокимаи ин афрод пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Манбаъи Додгоҳи олӣ ба Би-би-сӣ гуфт:

 

"Азбаски ин парванда бисёр калон аст, қироъати ҳукмҳо аз дирӯз оғоз шуда ва имрӯз ҳам идома дорад ва умедворем то охири рӯз ба анҷом бирасад."

 

Қаблан гуфта мешуд, ки дар миёни ин муттаҳамон чанд табаъаи Русия низ ҳастанд, вале ҳоло маълум нест, ки додгоҳ онҳоро низ маҳкум карда ё хайр. Ин афрод дар тобистони соли гузашта дар ҷараёни даргирии нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳе аз мухолифони мусаллаҳи давлати Тоҷикистон ба раҳбарии Неъмат Азизов дастгир шуда буданд.

 

Дар ҷараёни ин даргириҳо Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони нерӯҳои исломии мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 кушта шуд. Мақомоти давлатӣ баъд аз ин ҳодиса Мирзо Зиёевро, ки бештар бо лақаби "Мирзо Ҷага" маъруф буд, ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои теруристии муртабит бо Алқоъида ва ҳамчунин ба даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир муттаҳам карда буданд.

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар авохири моҳи июн Саидаҳмад ва Муҳаммадризо, ду писари Мирзо Зиёевро, низ мутаносибан барои 30 ва 28 сол ба зиндон маҳкум кард. Анвар Юсупов, муъовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар авосити моҳи июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ду писари Мирзо Зиёев низ дар таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва кӯшиш барои кудетои давлатӣ муҷрим шинохта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2937--46----.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854