13:38:24 02-уми Июни 2025 сол

КАШФИ МАВОДДИ МУНФАҶИРА ДАР ДУШАНБЕ

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз фарде номаълум дар шаҳри Душанбе миқдоре аз маводди мунфаҷира кашф ва мусодира кардаанд. Ин ҳодиса шоми рӯзи якшанбеи 22 август дар маҳалли “Гипрозем”-и пойтахти Тоҷикистон рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ маъмурони пулис дар ин минтақаи шаҳр, дар хиёбони мавсум ба П. Ханджина талоши боздошти ду нафар, ки гуфта мешавад яке аз онҳо риши баланд доштаастро доштанд, вале ба гуфтаи онҳо танҳо як нафари онҳо боздошт шудааст.

 

Сокинони хиёбони П. Ханджина гуфтанд, ки маъмурони пулис аз дасти ин нафари боздоштшуда як норинҷак ва кифе ҳомили маводди мунфаҷира забт ва мусодира кардаанд. Манобеъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон барои ироъаи ҷузъиёти ин мавзуъ ҳозир нашуданд. Чунин ба назар мерасад, ки куллия ниҳодҳои ин вазоратхона машғули таҳқиқ ва боздошти 25 нафар зиндонии фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳастанд, ки шаби гузашта рух дод.

 

Вале ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳудуди соъати ҳафти шоми дирӯз, маъмурони интизомӣ маҳаллаи “Гипрозем”, ки воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар, дар ин минтақа воқеъ ҳастанд, муҳосира кардаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, маъмурони пулис талош кардаанд, ки ду нафарро боздошт кунанд ва дар ин амалиёт минрубон низ ширкат карданд. Нафари дуввуми мазнун тавонистааст аз дар самте номаълум паноҳ барад.

 

Аммо ин ҳодиса аз сӯйи мақомоти ниҳодҳои зирабт таъйид нашудааст. Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки оё боздошти фарди мусаллаҳ дар маҳаллаи “Гипрозем” ба ҳодисаи фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рабт дорад ё хайр? Зеро, агар фирори зиндониён як амали тарҳрезишуда бошад, пас ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки шарикони афроди фирорӣ хостаанд, таваҷҷӯҳи нерӯҳоро ба қисмати дигаре аз шаҳр ҷалб созанд.

 

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилии ин кишвар кашф ва мусодираи аслиҳа як ҳодисаи маъмулӣ шудааст. Вале кашфи маводди мунфаҷира ҳамвора мавриди нигаронии ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ қарор мегирад, зеро ин маводд умдатан барои анҷоми амалиёти теруристӣ истифода мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2951-2010-08-23-07-52-17.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854