ФИРОРИ ЗИНДОНИЁН: АВОМИЛ ВА АСАРОТИ ЭҲТИМОЛӢ
Дар ҳоле ки масъулин дар Тоҷикистон саргарми анҷоми иқдомот барои боздошти 25 тан зиндонии мухолифи давлат ҳастанд, ин ҳодиса саволот ва нигарониҳоеро дар миёни ҷомеъаи ин кишвар эҷод кардааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи рӯзи душанбе, 23 август хабар дод, ки 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи вобаста ба ин кумита дар шаҳри Душанбе гурехтаанд. Ин афрод дар талош барои анҷоми кудето дар кишвар ва як ришта ҷароими дигар муҷрим шунохта шудаанд.
Бархе коршиносон изҳор медоранд, ки ҳодисаи фирори зиндониён ба вазъи амниятии Тоҷикистон метавонад таъсири ҷиддие дошта бошад. Аз сӯйи дигар, иддаи дигар аз соҳибназарон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон контрули вазъи амниятӣ дар кишварро дар ихтиёр дорад ва ҳоло нерӯе нест, ки битавонад амнияти кишварро хадашадор созад.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифи давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар “атрофи зиндониёни фирорӣ метавонанд нерӯҳое ҷамъ шаванд, ки аз сиёсати феълии давлат норозӣ ҳастанд”.
Зимнан, дар гузашта худи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки “агар давлат алайҳи онҳо иқдом кунад, онҳо ночор мешаванд силоҳ ба даст бигиранд”.
Олим Одилов, муъовини оқои Аҳмадов дар симмати раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати кишвари Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки феълан дар ин маҳал вазъи амниятӣ ором аст.
Вай афзуд: “Интизор меравад 27 август президенти Тоҷикистон аз минтақаи Рашт дидан кунад. Ба ин далел, ҳоло дар Рашт теъдоди маъмурони интизомӣ ва амниятӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст.Мо худ хостори он ҳастем, ки ин сафар ба хубӣ бианҷомад, вагарна ҳар ҳодисае ки шуд, дар он моро муқассир хоҳанд донист”.
Ба эътиқоди оқои Одилов, зиндониёни фирорӣ бо эҳтимоли зиёд ба самти Тавилдара рафтаанд. Вай афзуд: “Мо бо ин гурӯҳ на дар гузашта ва на феълан ҳеҷ иртиботе надорем. Нигаронии мо аз он аст, ки баъд аз сафари президент ба минтақа, эҳтимол дорад нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифини собиқ истифода шаванд. Дар ин сурат мо хомӯш нахоҳем буд”.
Вале ба эътиқоди Сӯҳроби Ваҳҳоб, як коршиноси маҳаллӣ дар минтақа, феълан вазъ дар навоҳии Рашт ором аст. Ба гуфтаи вай, афзоиши теъдоди маъумрони амниятӣ ва интизомӣ бо силоҳ ба назар мерасад, ки хоси тадобири қабл аз сафарҳои оқои Раҳмон ба манотиқи кишвар аст.
Ба гуфтаи вай, баъид аст, ки сокинони маҳаллӣ аз “зиндониён” пуштибонӣ кунанд. Зеро, фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар ин минтақа тақвият ёфтааст ва касе намехоҳад, ки дар иртибот бо фирориён муттаҳам шавад. Вай афзуд: “Бо эҳтимоли зиёд ин афрод танҳо як роҳ доранд, яъне фирор ба хориҷ аз Тоҷикистон. Дар дохили кишвар онҳо наметавонанд паноҳ бубаранд”.
Вале Аҳмадшоҳи Комилзода, коршиноси мустақил бар ин назар аст, ки агар ниҳодҳои интизомӣ ба зудӣ ин фирориёнро боздошт накунанд, онҳо барои давлат ба мушкили ҷиддие табдил хоҳанд шуд.
Вай гуфт: “Дар шарқи Тоҷикистон гурӯҳҳои зиёде ҳастанд, ки бо сиёсати феълии давлат созгор нестанд. Ва онҳо метавонанд дар атрофи ин фирориён муттаҳид шаванд. Дар ин сурат “сармоягузорон” низ пайдо хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, эҳтимоли вуруди нерӯҳо аз хориҷи кишвар барои кӯмак ба онҳо низ баъид нест”.
Оқои Комилзода бар ин назар аст, ки то ҷое ниҳодҳои давлатӣ дар сиёсати худ дар минтақаи шарқи Тоҷикистон ба иштибоҳоте роҳ додаанд, ки дар оянда метавонад “мушкили ҷиддӣ” шавад. Вай гуфт: “Дар соли гузашта чӣ зарурате дар қатли Мирзо Зиёев буд. Ё чӣ далеле барои фишор бар Мирзохӯҷа Аҳмадов вуҷуд дорад? Ин ҳама мухолифони собиқро нигарон мекунад”.
Вале Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки “фирориён барои муддате мақомотро нороҳат хоҳанд сохт, вале ин амр то замони боздошти онҳо идома хоҳад ёфт. Аз ин зиёд нахоҳад буд”.
Вай афзуд: “Онҳо дер ё зуд боздошт хоҳанд шуд. Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ куллия нерӯи худ барои расидан ба ҳадафро истифода мекунанд. Вале, ҳодисаи фирори онҳо латмаест бар эътибори ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон”.
Дар ҳамин ҳол, Давлат Усмон, яке аз раҳбарони мухолифини пешини давлат мегӯяд, ки фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон “амали тарҳрезишуда аст”. Вале суоли матраҳ ин аст, ки “чӣ гурӯҳе дар ин амал даст дорад?”
Искандари Фирӯз, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2957-2010-08-24-03-12-16.html