14:05:12 02-уми Июни 2025 сол

ФИРОРИ БАРОДАРИ ҒАФФОР МИРЗОЕВ АЗ МАҲБАС ТАЙИД ШУД

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳузури Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон дар ҷамъи зиндониёни фирориро тасдиқ кардааст. Ҷустуҷӯи 25 нафар маҳбуси фирорӣ аз маҳбасхонаи Душанбе то кунун натиҷае надодааст. Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт ва дар аввали имсол ба Душанбе истирдод шуд. Ӯ дар як моҳи пеш аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд. 

 

Телевизонии Тоҷикистон сар аз шоми дирӯз ва субҳи имрӯз акси зиндониёни фирориро ба намоиш гузошта, ному насаби 14 нафар аз онҳоро эълон мекунад ва аз сокинон дархости ҳамкорӣ дар амри шиносоӣ ва бодошти онҳоро менамоянд. Дар гузориши шабакаҳои телевизонӣ аз ҷумла аз 4 шаҳрванди Русия, 4 шаҳрванди Афғонистон ва як шаҳрванди Узбакистон дар миёни маҳбусони фирорӣ ном бурда мешавад. Боқимондаи зиндониёни фирорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

 

Дар гузориши Кумитаи амнияти миллӣ аз Насриддинов Иброҳим, зодаи ноҳияи Румӣ, Ахмедов Магомед, шаҳрванди доғистонитабори Русия ва Азизов Ҳикмат, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба унвони созмондиҳандагони фирори зиндониён ном бурдааст. Ҳамчунин аз Фазлиддин Кокулов, Ҷумъа Ироҳимов, Баҳром Орифҷонов дар миёни ин фирориён ном бурда шудааст, ки бо ҷурмҳое назири узвият дар гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ва убури ғайри қонунии марзи давлатӣ муттаҳам ва муҷрим мебошанд.

 

Ҳар чор нафар аз шаҳрвандони Русия низ сокинони ҷумҳуҳрии Доғистон унвон шудаанд. Аз ҷумла, Мирзомен Абиев, Казбек Ҷабраилов, Гусейн Сулаймонов ва Магомед Ахмедов, ки ҳамчунон барои ташкили гуруӯҳи ҷиноӣ ва убури марзи муҷрим шинохта шудаанд.

 

Чор шаҳрванди Афғонистон низ, ки аз боздоштгоҳи муваққат фирор кардаанд, сокинони вилояти Тахори ин кишвар мебошанд. Аз ҷумла, Муҳаммадалӣ валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Бозоралӣ валади Эгамбердӣ ва Муҳаммадзокир валади Муҳаммадалӣ, ки бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва убури ғайри қонунии марз муҷрим мебошанд.

 

Дар миёни ин фирориён аз ду шаҳрванди Узбакистан яке Фурқат Холматов ва дигаре Юлдошев Ҳамидулло низ ном бурда мешавад, ки ба ҷурми убури ғайри қонунии марз зиндонӣ шудаанд. Гуфта мешавад, дар миёни фирориён ду писари Мирзо Зиёев низ ҳастанд. Вале дар рӯйхати эълоннамудаи Кумитаи Амнияти миллӣ тавассути телевизон аз онҳо ном бурда намешавад. Ва мақомоти марбута ин хабарро то кунун расман рад ва ё такзиб накардаанд.

 

"Фирор аз маҳбас"

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ зимни нашри як баёнияи матбуотӣ эълон доштааст: "Рӯзи 22 августи соли 2010, соати 22-10 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирони маҳбасхона яроқҳои онҳоро тасарруф намуда, ба онҳо ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа яке аз нозирони маҳбасхона кушта шуда, 25 нафар маҳбусони яроқнок либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз маҳбасхона фирор намуданд.

 

Соатҳои тақрибан 01-10 дақиқаи рӯзи 23 август ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба дидбонгоҳҳои маҳбасхонаи тафтишотии Вазорати адлия ҳуҷум намуда, 4 нафар нозиронро ба қатл расонида, бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ ба самти номаълум ғайб заданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ баҳри муайян кардани самти ҳаракат ва дастгир кардани ин гурӯҳи ҷинояткор ҳайати шахсии худро ба ҳолати омодабош гузаронида, тадбирҳои бетаъхири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ андешида истодаанд».

 

Ваъдаи кӮмаки Русия

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба ниҳодҳои зирабти кишвараш дастур додааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд. Шаби якшанбе ба душанбе 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Душанбе баъд аз куштани 5 нафар зиндонбон фирор намуданд.

 

Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия, гуфтааст, ки Маскав ба мақомоти Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони фироркарда кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ба сохторҳои қудратии кишвар амр кардааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ ва дастгир кардани маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд.

 

Омодабоши саросарӢ

Дар ҳоли ҳозир, барои боздошти маҳбусони фирорӣ нерӯҳои вазорати умури дохила ва кумитаи амнияти милии Тоҷикистон сафарбар шудаанд. Дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва роҳҳои атрофи шаҳр посгоҳҳоро башиддат тақвият додаанд ва тамоми мошинҳоро тафтиш мекунанд. Гуфта мешавад, эҳтимолан ин унсурҳо ҷониби шарқи Тоҷикистон ҳаракат намуда бошад.

 

Бино ба хабарҳо нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар саросари Тоҷикистон ва инчунин воҳидҳои марзбонӣ дар марзҳо дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Аммо то лаҳзаи таҳияи ҳамин гузориш ҳеҷ маълуоте роҷеъ ба натиҷаи кори ситоди фаврӣ ва ҷустуҷӯи маҳбусои фирорӣ вуҷуд надорад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2958-2010-08-24-10-18-56.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854