13:59:15 02-уми Июни 2025 сол

КАШФИ ЧАҲОР ХУДРАВИ "МАРБУТ БА" ЗИНДОНИЁНИ ФИРОРӢ

Маъмурони интизомии Тоҷикистон чаҳор худравро дар дараи Ромит пайдо кардаанд, ки эҳтимол меравад зиндониёни фирорӣ аз онҳо истифода карда бошанд. Вале ба гуфтаи манобеъи амниятӣ, то кунун ҳеч нишони дигаре аз маҳалли будубоши фирориён ба даст наомадааст. Манобеъи амниятии Тоҷикистон таъйид кардаанд, ки дар миёни фирориён Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ будааст.

 

Абдурасул Мирзоев 20 июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми талош барои кудето ба 30 сол зиндон маҳкум шуда буд. Дар миёни фирориён дар канори атбоъи Тоҷикистону Русия ва Афғонистон ҳамчунин ду шаҳрванди Ӯзбакистон низ будаанд. Бархе манобеъ гуфтаанд, ки Суҳроб Лангариев низ дар миёни зиндони фирорӣ буда, вале ин хабар таъйид нашудааст.

 

Дар таҳаввуле дигар, маъмурони интизомӣ дар манзиле дар наздикии боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ, маҳалли фирори зиндониён, миқдоре силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ пайдо кардаанд, вале гуфта мешавад ин муҳиммот бо ҳодисаи фирори зиндониён ҳеч иртиботе надорад. Як манбаъи амниятӣ низ гуфтааст субҳи имрӯз як чечентабор, ки бо худ тапонча ҳамл мекард, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе боздошт шуда, вале иртиботи вай бо зиндониён маълум нест.

 

Аз сӯйи дигар, шоҳидони айнӣ дар минтақаи Рашт мегӯянд, ки теъдоди зиёде аз нерӯҳои давлатӣ бо силоҳу муҳиммоти бисёр, аз ҷумла чархбол ва тонку зиреҳпӯшҳо, ба минтақа эъзом шудаанд. Аз ҷумла, субҳи рӯзи душанбе се чархбол ба минтақа нерӯ бурда ва имрӯз низ чархболе дар минтақа дар ҳоли парвоз буд.

 

Пахши тасовири фирориён

Шоми гузашта телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон аксҳои 14 нафар аз зиндониёни фирориро бо зикри асомии онон пахш карданд. Дар миёни онҳо 5 шаҳрванди Русия, чаҳор шаҳрванди Афғонистон ва як шаҳрванди Ӯзбакистон буданд. Далели ба намоиш нагузоштани акси фирориёни дигар рӯшан нест. Вале манобеъи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯянд, ки шоми имрӯз акси афроди боқимонда низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

 

Як манбаъи амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки талошҳои ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон барои боздошти зиндониёни фирорӣ то ҳол натиҷае надодааст. Гуфта мешавад, ки маъмурони давлатӣ бахши аъзаме аз қаламрави ноҳияҳои Ваҳдат ва Файзободро таҳқиқ карда, вале нишоне аз фирориёнро пайдо накардаанд. Вале дар минтақаи Ромит, дар 45 килуметрии шарқи Тоҷикистон чаҳор худрав кашф шудааст, ки ба гуфтаи манобеъи амниятӣ, фирориён аз онҳо истифода кардаанд.

 

Хабаргузории "Asia-Plus" аз қавли "як манбаъи мӯътамади амниятӣ" овардааст, ки дар ин худравҳо асароте аз панҷаҳои зиндониёни фирорӣ ошкор шудааст. Гузашта аз ин, ин манбаъ иддаъо карда, ки ин худравҳо фирориёнро дар шаби ҳодиса дар канори боздоштгоҳ мунтазир будаанд. Ин хабар ҳадси бархе аз коршиносонро, ки мегуфтанд фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон амале тарҳрезишуда аст, таъйид мекунад.

 

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, маъмурони пулис дар бархе маҳаллоти шаҳри Душанбе аз мардум хостаанд, ки дар сурати дидани афроди машкук пулисро базудӣ хабардор кунанд. Гуфта мешавад, ки бархе аз зиндониёни фирорӣ мумкин аст дар дохили Душанбе боқӣ монда бошанд.

 

Амнияти зиндонҳо

Ҳодисаи фирори зиндониён аз боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар фосилае наздик ба маҳалли иқомати раиси ҷумҳури Тоҷикистон воқеъ аст, ҳодиса бесобиқа будааст. Шаби 22 август як гурӯҳи 25-нафарӣ аз зиндониён, ки бештари онҳо рӯзи ҷумъаи гузашта аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба иттиҳоми кӯшиши кудето, мушорикат дар гурӯҳҳои ғайриқонунии низомӣ, қатл ва қочоқи маводди мухаддир барои давраҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд, аз боздоштгоҳ фирор карданд.

 

Ба гуфтаи Қосимҷон Ғаффоров, муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ин афрод шабҳангом панҷ маъмури зиндонро "ваҳшиёна" ба қатл расондаанд. Манобеъи интизомии Тоҷикистон мӯътақиданд зиндониёни фирорӣ, ки бархе аз онҳо зодаи минтақаи Тавилдара, дар шарқи кишвар, ҳастанд, талош хоҳанд кард ба ин ноҳияи кӯҳистонӣ паноҳ бубаранд ва ё аз марз ба Афғонистон убур кунанд.

 

Ба ин далел, нерӯҳои амниятӣ, интизомӣ ва марзбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд. Фирори гурӯҳи 25-нафарии зиндониён аз боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба як хабари доғи ҷаҳонӣ табдил шуд. Куллияи раоснаҳои гурӯҳии минтақа ва ҷаҳон дар ин бора гузоришҳое пахш карданд.

 

Соҳибназарон мегӯянд, ки ин ҳодиса коромадии системи амнияти зиндонҳо дар Тоҷикистонро зери суол бурдааст. Низоми посбонӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар бағоят шадид буда ва фирори зиндониён аз ин ҷо ғайри қобили тасаввур ба назар мерасид.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2964----q-q--.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854