10:17:19 30-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ ДАР ХУҶАНД ЧАҲОР КУШТА ГИРИФТ

Инфиҷоре шадид дар як сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, ба кушта шудани дастикам чаҳор нафар ва захмӣ шудани 25 маъмури пулис мунҷар шудааст. Тибқи иттилоъи шоҳидони айнӣ, ин ҳодиса соъати 8-и субҳ дар бинои бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар наздикии рӯдхонаи Сирдарё воқеъ аст, рух додааст.

 

Вазорати кишвари Тоҷикистон дар баёнияе расмӣ иттилоъ дод, ки ин рӯйдод як ҳамлаи интиҳорӣ буда ва ду шахси муҳоҷим эҳтимолан пайрави Ҳаракати исломии Ӯзбакистон будаанд. Муҳаммадҷон Нарзиев, як масъули дафтари матбуъотии Вазорати кишвари Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳангоми ба ҳудуди бинои маъмурии шӯъбаи минтақаии пулис ворид шудани ду мошини хидматӣ, ногаҳон як худрави "Газ-24" бо суръати баланд дарвозаро зада, ба саҳни ҳавлӣ ворид шуд ва таркид."

 

Вай афзуд, ки дар асари ин ҳодиса дастикам ду маъмури пулис кушта шуда ва 25 нафар ҷароҳатҳои мухталифе бардоштаанд. Бархе аз онҳо ёрии аввалия гирифта ва бархи дигар ба бемористонҳои шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

 

"Беному нишон"

Оқои Нарзиев гуфт: "Ҳангоми таркиш як корманди пулис, лейтенанти калон Аюбҷон Маҳкамов, ки инструктори (мураббии) Дастаи махсуси зудъамали шӯъбаи ҷароими созмонёфтаи вилояти Суғд буд, сахт ҷароҳат бардошта ва дар беморхона ба ҳалокат расид."

 

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, як маъмури дигари пулис, старшина Алиҷон Маъёқубов, ки инструктор-тирандози хурди ин даста буда ва ба ҳангоми таркиш дар назди дарвозаи пулис қарор дошт, мехост мошини воридшударо аз дарвоза берун кунад, "беному нишон" шуда ва эҳтимолан аз шиддати инфиҷор асаре аз ӯ боқӣ намондааст. Вай низ эҳтимолан кушта шудааст.

 

Бархе аз расонаҳо аз кушта шудани теъдоди бештаре аз кормандони пулис хабар додаанд, вале ин хабарҳо ба таври расмӣ таъйид нашудааст. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, сохтмони пулис сахт осеб дида ва субҳи имрӯз оташнишонон дар маҳалли ҳодиса машғули оташнишонӣ будаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки субҳи барвақт миқдори зиёди омбулонсҳо (мошинҳои ёрии таъҷилӣ) машғули интиқоли осебдидагони ин ҳодиса ба бемористон буданд.

 

Шиддати инфиҷор, ба гуфтаи онҳо, то ҳадде буда, ки лошаҳои утумубиле, ки дар маҳалли ҳодиса будааст, то сад метр дуртар аз бинои пулис пайдо шудаанд. Шишаҳои панҷараҳои як бемористони наздик ба идораи пулис низ фурӯ рехтаанд. Алишер Охунов, хабарнигори маҳаллӣ, мегӯяд, ки субҳи имрӯз маҳалли ҳодиса аз сӯйи маъмурони пулис муҳосира шуда буд ва маъмурон аз вуруди хабарнигорон ба маҳалли ҳодиса монеъ шудаанд. Ҳамчунин, гузориш шуда, ки чанд хабарнигорро маъмурон ба идораи пулис бурдаанд.

 

Иртиботи эҳтимолӢ бо ҲИӮ

Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ҳодиса эҳтимолан дар иртибот бо боздошти панҷ нафар аз мазнунон ба қатли Ҳомидҷон Каримов, раиси собиқи бозори Исфара ва узви маҷлиси ин шаҳр, рух додааст. Оқои Нарзиев гуфт: "Бо ин кор онҳо (эҳтимолан) ҳадаф доштанд ба ҳаракатҳои тафтишотӣ доир ба санҷиши нишондодҳои гумонбаршудагон халал расонда ва панҷ боздоштшударо аз ҷавобгарӣ гурезонанд."

 

Ҳомидҷон Каримов, аз фароди бонуфуз дар Исфара, шаби 30 ба 31 август дар назди хонаи хоҳараш пас аз як зиёфати ифтор ба зарби 17 гулӯлаи Калашников кушта шуд. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомӣ дар гузашта алайҳи Ҳомидҷон Каримов парванда боз карда буданд. Вай ба ҳамроҳии гурӯҳе аз наздиконаш ба лату кӯби се сокини Исфара дар моҳи майи соли 2006 муттаҳам шуда буд ва то ин авохир дар хориҷ аз кишвар ба сар мебурд.

 

Аз сӯйи дигар, Ҳомидҷон Каримов бо Низомхон Ҷӯраев, узви собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси корхонаи шимиёии Исфара, ки ахиран дар Маскав боздошт шуд, ихтилофоти ҷиддие доштааст. Ба ин далел, бархе аз соҳибназарон иртиботи ду ҳодисаро бо ҳам баъид намедонанд.

 

Таъсиси кумисиюни вижа

Дар ҳамин ҳол, бо дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кумисиюни вижае ба раҳбарии Амирқул Азимов, дабири шӯрои амнияти ин кишвар, барои таҳқиқи ин ҳодиса таъсис шудааст. Ба ин кумисиюн муъовинони ҳамаи ниҳодҳои интизомию амниятӣ шомил ҳастанд ва онҳо худро ба маҳалли ҳодиса расондаанд. Зимнан, сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулис дар вилояти Суғд дар канори Сирдарё ва пуле, ки ду қисмати маркази вилояти Суғдро ба ҳам мепайвандад, воқеъ аст.

 

Дар гузашта дар ин сохтмон ҳамчунин чанд утоқи боздошти муваққат ҳам мавҷуд буд. Зимнан, ин нахустин мавриди инфиҷори интиҳорӣ дар Тоҷикистон аст. Дар солҳои пеш дар назди сохтмонҳои бархе аз ниҳодҳои давлатии ин кишвар дар шаҳри Душанбе инфиҷорҳое рух дода буданд, вале аз ҳеч мавриди ҳамлаи интиҳорӣ гузориш нашудааст.

 

Инфиҷор дар сохтмони шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулис дар Хуҷанд тақрибан даҳ рӯз пас аз ҳодисаи фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва кушта шудани дастикам панҷ зиндонбон ба адсти фирориён сурат мегирад. Рӯзи панҷшанбе пулиси Тоҷикистон аз боздошти яке аз зиндониёни фирорӣ, ки зиндонии собиқи Гуонтономуст, хабар дод. Амалиёт барои дастгир кардани фирориёни дигар идома дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3040-2010-09-03-17-04-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ