| ХАБАРИ БОЗДОШТИ ДУ МАҲБУСИ ФИРОРӢ ТАЪЙИД НАШУД |
| Хабар - Хабар | |||
| 04.09.2010 12:21 | |||
|
Аммо як масъули дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, хабари боздошти ду нафар аз фирориён асосе надорад. Мақомоти расмӣ хабари ҳамлаи мусаллаҳона ба ду постгоҳи вазорати дифоъ дар дараи Ромитро низ рад кардаанд. Рӯзи ҷумъа хабаргузории дигари Тоҷикистон – «Азия плюс» дар ин бора иттилоъ нашр кард. “Азия плюс” навиштааст, ки омилони ҳамла эҳтимолан маҳбусони фирориеянд, ки дар дараи Ромит паноҳ бурда, қасд доранд, ба самти кӯҳистони Мастчоҳ фирор кунанд.
Шаби 23 август 25 маҳбус дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе фирор карданд. То кунун танҳо як тани онҳо – маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро дастгир кардаанд ва сарнавишти 24 нафари дигар то ҳол норавшан боқӣ мемонад. Дар пайи фирори ин маҳбусон 4 раҳбари аввали кумитаи амниятро барканор карданд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3046-2010-09-04-07-23-07.html
|






