21:07:53 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САДАМА ҶОНИ СЕ НАФАРРО ГИРИФТ

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар деҳаи Туғмагии ноҳияи Шӯрообод се нафар ҳалок ва як нафар маҷрӯҳ гардид. 

Талбӣ Сафаров, сардори Бозрасии давлатии автомобилӣ дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ин садама дар пайи нуқс пайдо кардани автомошинаи тамғаи ГАЗ-53 ба вуқӯъ пайваст, ки оқибат боиси ҳалокати ронанда Бегалӣ Қурбонов, мусофирон Мушкиниссо Кӯлобова ва Анварбӣ Абдураҳмонова гардидааст.

Ҷаноби Сафаров мегӯяд, се тан дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд, вале як нафар ноболиғ сахт маҷрӯҳ гардида, ба беморхонаи наздиктарин, яъне деҳаи Чагам, интиқол дода шуд.

Аммо дар ҳамин ҳол коршиносон садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳои мошингарди минтақаи Кӯлоб ба омилҳои гуногун баста медонанд. Зафар Муродов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, аксаран дар сари чанбари худравҳо нафароне нишастаанд, ки дониши хуби нақлиётӣ надошта, ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунанд. Аз ҷониби дигар ба қавли ӯ ришваситонии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ боиси афзоиши чунин ҳодисаҳо мегардад.

Таи 6-моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб 55-садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 14 нафар ҳалок ва 64 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi