17:57:38 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 24 25 26
27 28 29 30 31    

ОЗОДАИ ЭМОМАЛӢ - РАИСИ ШӮРОИ ЗАНОНИ ВАЗОРАТИ ХОРИҶА

Шӯрои тозатаъсиси занонро дар назди вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Озодаи Эмомалӣ, сардори Раёсати консулгарии Вазорати хориҷаи кишвар ба ӯҳда гирифт.

Ин хабарро дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ раиси департаменти иттилооти ВКХ Давлат Назрӣ тасдиқ кард, аммо аз додани тафсилоти бештар худдорӣ варзид. Назар ба иттилои "Ховар" ба шӯрои занон беш аз 40 зан, ки кормандони вазорат ҳастанд, аъзо мешаванд. Номздии хонум Эмомалиро ба ин вазифа ҳозирин дар нахустин нишасти шӯрои занони ВКХ, ки дирӯз баргузор шуд, бо "раъйи оро" пазируфтанд.

Роҷеъ ба вазифаву ҳадафҳои ин шӯро тафсилоте дастрас нест. Озодаи Эмомалӣ духтари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сентябри соли 2007 ба мақоми сардори Раёсати консулгарии Вазорати хориҷаи кишвар таъйин гардид.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi