17:39:41 04-уми Июни 2025 сол

АМАЛИЁТИ "ПУРБОР" ДАР ШПИЛОБИ ШӮРООБОД

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, ахиран дар ҷараёни амалиёти "Кӯкнор 2009" дар ҷануби Тоҷикистон ду қочоқбари мусаллаҳи афғон кушта ва 350 килограм маводи мухаддир ошкор шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе дар дараи Шпилоби ноҳияи Шӯрообод рух дод. 

Ин як минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон мебошад. Вай гуфтааст, ки дар ҳангоми ин амалиёт ҳудудан 200 қочоқбари дигари афғон имкон ёфтанд дар хоки кишвари ҳамсоя панаҳ баранд. Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, ки баъдан нирӯҳои амниятии Тоҷикистон дар "як пойгоҳи қочоқчиён дар дохили дараи Шпилоб беш аз 350 килограмм навъҳои мухталифи маводи мухаддирро ошкор ва забт карданд", ки иборат аз 11 ҳазор банд шоҳдона, 6,5 ҳазор тир ва 11 адад силоҳ будааст. 

Вай афзуд, ки пойгоҳи пинҳонии мазкур барои ин 200 қочоқбари афғон на фақат барои ҳифзу нигаҳдории маводи мухаддир, балки ҳамчунин барои шикори ғайриқонуниву ҷамъоварии алафҳои табобатии нодир хизмат мекард. Оқои Раҳматуллоев афзуд, ки дар дохили ин пойгоҳ хандақҳое низ ошкор шудааст, ки барои ҳифзу нигаҳдории 100 сару либос барои қочоқбарон, дегу табоқ ва кӯрпаву хайма хизмат мекард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854