12:10:33 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/19_kamarob_218'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/19_kamarob_218'

ГУЗОРИШҲО АЗ ДАРГИРӢ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Сокинони ноҳияи Рашти Тоҷикистон мегӯянд, роҳ ба дараи Камароб аз тарафи нерӯҳои ҳукуматӣ баста буда, мошинҳое, ки ба ин постгоҳ меоянд, барои кашондани захмиёни амалиёти ҳарбӣ дар ин дара истифода мешаванд. То ҳол мақомоти давлат дар бораи авзоъ дар ин ҷо иттилои расмие пахш накардаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ аз даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ бо мусаллаҳони номаълум дар шарқи Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд. Тибқи ин гузоришҳо, дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, як гурӯҳи силоҳбадаст ба мошини «Урал» - и нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ҳамла оварда, беш аз 10 сарбозро захмӣ кардаанд.

 

Аз ҷониби дигар хабаргузориҳои ДПА-и Олмон ва Интерфакси Русия ба нақл аз манобеи маҳаллӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ин даргириҳо алалақал 5 сарбози нерӯҳои давлат ба ҳалокат расидаанд. Аммо сокинони деҳоти атрофи Камароб ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, талафоти нерӯҳои давлатӣ ба маротиб бештар аст.

 

Ҳодиса аз забони сокинони маҳал

Дар ҳоле ки манбаъҳои расмӣ дар мавриди ин ҳодиса иттилое пахш накардаанд, як зани сокини Камароб мегӯяд, бо мошини арӯсӣ равон будаанд, ки дар даромадгоҳи дара кормандони амниятӣ онҳоро нагузоштаанд пеш раванд ва гуфтаанд, ки дар дохил ҷанг аст: «Ҳамаамонро аз мошин фароварданду мошинамонро барои бурдани захмиҳо ба Ғарм гирифтанд».

 

Хонуми дигар мегӯяд, аз Ғарм ба хонааш мерафт, аммо дар роҳ банд мондааст: «Чархболҳоро дар тори сарамон, мошинҳои пур сарбозро дар роҳ дида, тарсидем ва ҳоло дар роҳ мондаем».

 

Сокинони маҳал аз парвози ду чархболи низомӣ дар фазои дараи Камароб иттилоъ медиҳанд ва соати 2-и баъд аз зӯҳр ҳаракати ду зиреҳпӯш ба сӯи дараро дидаанд.

 

Ҳалим, ҳамсӯҳбати мо аз деҳоти атрофи Камароб ин гуна қисса кард: «Як зан омад барои табобати дандонҳои духтараш ва дар омади гап гуфт, ки мо аз дараи Камаробему моро намегузоранд, ки вориди дара шавем. Соатои 2 буд. Пурсидам, ки оромӣ аст, апа. Гуфт, мегӯянд, ки ҷанг рафта аст. Ба рафиқонам, ки аз он деҳот хешу табор доранд, занг задам. Онҳо даргириро таъйид карданд. Баъд буд, ки чархболҳо омаданд. Берун баромадам. Як мошини «Шевролет» омад, ки чароғҳои «аварийниаш» гирон буданд. Як ҷавони афсар аз он берун шуду аз ман роҳи бемористонро пурсид. Гуфтам, дар он гардиш аст. Ман ҳам аз пасашон рафтам. Ба чашми худам дидам, ки афсар аз яктааш фамилияашро гирифта, ҳолашро пурсид. Вай гуфт, ки гӯшам лат хӯрдааст. Дигариаш аз пой захмӣ шуда буд ва ӯро гирифта Ғарм бурданд»

 

Ҳуввияти гурӮҳи ҳамлавар

Ҳалим аз аз қавли ҳамсӯҳбатҳояш мегӯяд, ки як нафар аз гулулаафкан (гранатомет) ба мошини «Урал»-и сарбозоне, ки барои иваз кардани ҳамхизматҳояшон дар посгоҳ ҳаракат мекардаанд, дар байни деҳоти Шулмак ва Шулеи дараи Камароб тир кушодааст. Манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, талафоти ҷонӣ дар Камароб вуҷуд дорад, аммо дар ҳоле ки мақомоти расмӣ дар ин маврид сӯҳбат намекунанд, дар бораи теъдоди онҳо омори дақиқ вуҷуд надорад.

 

Дар бораи ҳуввуияти гурӯҳи ҳамлавар манобеъ изҳори беиттилотӣ мекунанд. Олим Одилов, аз размандагони гурӯҳи фармондеҳи собиқи мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, гурӯҳи онҳо дар ин ҳодисот даст надорад ва афродеро, ки ба нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла кардаанд, намешиносанд: «Мо дар ягон кор ҳамроҳ нестем. На ба мо ва на ба нерӯҳои ҳукуматӣ кӣ будани ин афрод маълум нест. Мо шиштем дар хонаҳоямон».

 

Мақомоти расмӣ дар Душанбе иттилоъ дар бораи даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва силоҳбадастони номаълумро таъйид ва ё такзиб намекунанд, аммо як намояндаи ниҳодҳои қудратӣ авзоъ дар Камаробро "муташанниҷ" унвон кард. Қаблан дар бораи ҳузури размандагони Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар дараи Камароб гузоришҳо пахш шуда буд.

 

Мулло Абдулло ё зиндониёни фирорӢ?

Ҳафтаи гузашта сарони ниҳодҳои қудратии кишвар ба Рашт сафар ва бо фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони собиқ, Шоҳ Искандаров ва Мирзохуҷа Аҳмадов гуфтушунид карданд. Бино бар хабарҳо, вазирони дифоъ ва умури дохилӣ, ноибони аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситони кулли Тоҷикистон аз ин фармондеҳон хостаанд, дар муқобили гурӯҳи Мулло Абдулло бо нерӯҳои давлат ҳамкорӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешавад, барои боздошти маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Рашт ситоди муштаракаи сайёри ниҳодҳои қудратӣ таъсис ёфтааст.

 

Бино бар як хабари дигар, ҳамчунин даргирие дар деҳаи Чанорои ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он се корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон захмӣ шудаанд ва ҳоло дар бемористони маркази ноҳия қарор доранд. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон — ба хотири боздошти 25 фирории боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар қаламрави кишвар амалиёт мегузаронанд. То ба ҳол 7 нафари онҳо боздошт шудаанд.

 

ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ДАРАИ КАМАРОБ

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3154-2010-09-19-16-28-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854