17:41:35 04-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ РАҲМОН БО НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТИ РУСИЯ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 июл Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари пешомади кории Перзиденти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили анҷоми пурра ва босифати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва дар ҳузури сарони ду давлат ба истифода супурдани он зоҳир гардид.

Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои низомии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои иҷтимоӣ - сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854