20:42:50 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/20_rasht_25874'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/20_rasht_25874'

КАМАРОБ: ДАСТИКАМ 25 КУШТА ВА 25 МАФҚУДУЛАСАР

Мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, ба ғайр аз 25 кушта дар дараи Камароб, сарнавишти 25 сарбози дигар номаълум аст. Дар минёи кушташудагон ҳафт афсари вазорати дифоъ, аз ҷумла як сарҳанг низ будааст. Як фармондеҳи мухолифони собиқ дар Рашт гуфт, ки "Алӣ Бедак" пас аз боздошти бародараш дигар бо онҳо нест. Ин манбаъ афзуд, ки шумори низомиёни маҷруҳ дар ин ҳодиса дасти кам 25 нафар будааст ва дар миёни онҳо афроди бо ҷароҳатҳои сангин зиёданд.

 

Ба гуфтаи ин манбаъ, танҳо 15 нафар аз низомиёни мавриди ҳамла қарор гирифта тавонистаанд дар пайи ҳамлаи ногаҳонӣ ҷон ба саломат бубаранд. Аҷсоди афроди кушташуда ва низомиёни маҷрӯҳ тавассути чархбол ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон интиқол ёфтаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар бораи 25 низомии мафқудуласар иттилоъи дақиқ вуҷуд надорад. Вай гуфт "телефунҳои мобилии онҳо фаъол буда, сигнал дорад, аммо касе гуширо бар намедорад."

 

Ин мақоми низомӣ ҳадс мезанад, ки эҳтимол дорад бархе аз сарбозон дар пайи даргирӣ дар рудхонаи Сорбоғи дараи Камароб ғарқ шуда бошанд. "Ҳамла хеле ногаҳонӣ буд ва аз ин лиҳоз низомиён натавонистаанд, сареъан муқобила нишон бидиҳанд."

 

Низомиён ин эҳтимолро, ки бархе аз низомиён гиравгон ё асир гирифта шудаанд мустасно намедонанд. Расонаҳои мухталифи ҷаҳонӣ шумори афроди кушташуда дар ҳамлаи дараи Камаробро беш аз чиҳил нафар гузориш медиҳанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, аз нимаи рӯзи гузашта рафту омад ба дараи Камароб воқеъ дар ҳудуди 200 килуметрии пойтахти Тоҷикистон қатъ шудааст.

 

Давлати Тоҷикистон ба ин минтақа нерӯҳои изофӣ эъзом кардааст. Аз субҳи имрӯз дар ҳарими ҳавоии шаҳри Душанбе парвози чархболҳои низомӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳамин ҳол Олим Одилов, яке аз фармондеҳони мухолифини собиқи давлати Тоҷикистон, ки дар маркази ноҳияи Рашт ба сар мебарад дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки нерӯҳои зиёди ҳукуматӣ ба минтақа ворид шудаанд.

 

"Танҳо ба пойгоҳи низомии воқеъ дар маркази ноҳия шаби гузашта то сесад низомӣ ворид шуд. Теъдоди низомиёне, ки мустақим ба дараи Камароб рафтаанд, рӯшан нест. Феълан парвози чархболҳои низомӣ мушоҳида мешавад."

 

Вай дар вокуниш ба изҳороти Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар бораи даст доштани гурӯҳҳои "Мулло Абдуллоҳ" ва "Али Бедак" дар ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ дар дараи Камароб гуфт: "Алӣ Бедак то чанд рӯз пеш бо мо буд. Аммо баъд аз боздошти бародараш (Ҳусниддин Давлатов) дар Душанбе, вай баромада рафт. Метарсид, ки дунболи ин ҳам меоянд."

 

Зимнан рӯзи 10 сентябр ниҳодҳои амниятӣ Ҳусниддин Давлатов, як фаъоли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамзамон узвияти маҷлиси маҳалли дар ноҳияи Раштро дошт, боздошт карданд. Ҳарчанд иттиҳомоти ворида алаҳи оқои Давлатов расман ба расонаҳо эълом нашудааст, аммо пайвандони ӯ мегӯянд, ӯро дар иртибот ба "таблиғи салафиҳо" мазнун медонанд.

 

КУШТА ШУДАНИ 23 САРБОЗИ ҲУКУМАТӢ ДАР ДАРГИРИҲОИ РАШТ

ГУЗОРИШҲО АЗ ДАРГИРӢ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

АВВАЛИН ҚУРБОНИИ ДАРГИРИИ КАМАРОБ БА ХОК СУПУРДА ШУД

ФАЪОЛОНИ РАШТ: АЛАЙҲИ ЗАРХАРИДОН ҚИЁМ КУНЕД

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3162---25---25-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854