ВАЗОРАТИ МУДОФИА АМАЛИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ НАМУД
Рӯзи 19 сентябри соли 2010 соатҳои тақрибан 12:30 дақиқа дар минтақаи шарқии мамлакат, дар дараи Камароби водии Рашт як автомашинаи хизматии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистон бо ҳайати шахсӣ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мавриди оташи шадиди гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ин амалиёти террористӣ 23 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Қобили зикр аст, ки ба ин амали террористӣ гурӯҳи Абдулло Раҳимов бо тахаллуси «Мулло Абдулло» ва Аловиддин Давлатов, ки бо тахаллуси «Алӣ Бедак» маъруфанд, даст доранд. Тибқи маълумоти дақиқ ҳайати ин дастаҳои террористӣ аз шаҳрвандони зархарид ва кирояшудаи ҷумҳурии исломии Покистону Афғонистон ва Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия иборат буда, бидуни шубҳа ҳадафи асосии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ тира намудани фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагии кишвар ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯйи исломии минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Зимни ба вуқӯъ пайвастани ин амали терорристӣ, гурӯҳҳои фаврии ҳама мақомоти қудратии кишвар ба ҷои ҳодиса расида, амалиёти дастгиркуниро оғоз намуданд, ки то ҳол ҷустуҷӯи афроди ҷиноятпеша идома дорад. Ҳамзамон, хизматчиёни ҳарбие, ки ҷароҳати ҷисмонии вазнин бардоштаанд фавран ба беморхонаҳои наздиктарини мавзеи воқеа расонида шуданд. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амали терорристиро маҳкум намуда, баҳри дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, ки ба ин кирдори номардонаву нанговар даст задаанд, тамоми чораҳои фпвриву мушаххасро амалӣ менамояд.
КУШТА ШУДАНИ 23 САРБОЗИ ҲУКУМАТӢ ДАР ДАРГИРИҲОИ РАШТ
ГУЗОРИШҲО АЗ ДАРГИРӢ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН
АВВАЛИН ҚУРБОНИИ ДАРГИРИИ КАМАРОБ БА ХОК СУПУРДА ШУД
ФАЪОЛОНИ РАШТ: АЛАЙҲИ ЗАРХАРИДОН ҚИЁМ КУНЕД
Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3163-2010-09-20-10-44-23.html