"ДАР ҲАМЛАИ КАМАРОБ АФҒОНҲО, ПОКИСТОНИҲО ВА ЧЕЧЕНҲО ШИРКАТ ДОШТАНД"
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳи ҳамлавар ба корвони мошинҳои ин вазорат дар Камароб аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон чечентаборони Русия иборат буда, раҳбарии онҳоро маҳз Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов бар дӯш доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин гурӯҳ ноором кардани авзоъ дар Тоҷикистон ва табдил додани он ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мебошад.
Аз сӯи дигар, афзуд сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, идороти иктишофӣ ва ё разведкаи ниҳоди қудратӣ аз мавҷудияти ин гурӯҳ огоҳ буд, вале азбаски ин минтақаи куҳистонӣ пинҳонгоҳҳои зиёд дорад, ҳамлаи - ғофилгирона алайҳи сарбозони вазорати дифоъ сурат гирифтааст.
Як суоли дигаре, ки ҳоло бештар матраҳ мешавад ин аст, ки чаро масъулони қудратии Тоҷикистон алайҳи ин гурӯҳҳои мусаллаҳи таҷрибадор ва ҷангдида аскар ва сарбозони навомӯхтро қарор додаанд. Дар ҳоле, ки мебоист алайҳи чунин гурӯҳҳои ҷангӣ бояд аз гурӯҳҳои вижа ва таълимдида истифода шавад.
Дар як сӯҳбате бо сарҳанг Фаридун Маҳмадалиев, сардори раёсати иттиллот ва робита бо ҷомеаи вазорати дифои Тоҷикистон ҳамкорам Абдуқаюми Қаюмзод ин суолҳоро матраҳ кард. Фаридун Муҳаммадалиев афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дараи Камароб зери назорати комили ниҳодҳои қудратӣ қарор дорад ва таъқибу ҷустуҷӯи аъзои гурӯҳи ҳамлавар аз ҷониби гурӯҳҳои вижаи ниҳодҳои интизомӣ идома дорад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3167-q--------q.html