БОЗДОШТИ ЯК МАҚОМИ КУМИТАИ РОДИЮ ВА ТЕЛЕВИЗИЮН
Маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон як мақоми Кумитаи родию ва телевизиюни ин кишварро ба иттиҳоми даст доштан дар фасод боздошт кардаанд. Тибқи иттилоъи манобеъи ин ожонс, Ҳабибулло Ташрифов, раиси бахши тиҷоратии Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба ҳангоми гирифтани сӣ ҳазор дулор ришва боздошт шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳарчанд таҳқиқи парванда идома дорад ва маълум нест, ки иттиҳомоти ворида алайҳи як мақоми ин ниҳоди давлатӣ собит мешавад ё не, вале боздошти як мақоми Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ ва бо чунин маблағи бузург барои ин кишвар бесобиқа унвон мешавад. Бахши тиҷоратии Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон умдатан бар муомилоти пулии ин ниҳод, аз ҷумла даромаде, ки аз роҳи пахши таблиғот дар шабакаҳои давлатии телевизюнӣ ба даст меояд, назорат мекунад.
Коршиносон мегӯянд, ки суди солонаи Кумитаи родию ва телевизиюн аз фаъолиятҳои тиҷоратӣ милюнҳо сомониро ташкил медиҳад. Ин коршиносон аз имкони вуҷуди мавориди фасод дар фаъолиятҳои тиҷоратии ин ниҳод низ изҳори назар мекунанд. Ба ин далел, соҳибназарон мегӯянд, ки тибқи таҷрубаи роиҷ дар Тоҷикистон раҳбарии чунин бахшҳо дар ниҳодҳои давлатиро бар дӯши нафароне вогузор мекунанд, ки мавриди эътимоди мақомоти баландпояи ин ниҳодҳо қарор доранд.
Ба ин хотир маъмулан боздошти корманди молии як ниҳод ба эътибори раҳбари он латмаи ҷиддӣ ворид мекунад ва нишонаи тасмимгириҳои нодуруст дар заминаи сиёсати кодрӣ маҳсуб мешавад. Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз шарҳи ҷузъиёти ин қазия худдорӣ карданд. Ҳарчанд Тоҷикистон тибқи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ дар радифи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, вале дар гузашта боздошти масъулони расонаҳои гурӯҳии давлатӣ ва ҳам мустақил ба иттиҳоми фасод ва ришваситонӣ мушоҳида нашуда буд.
Аз ҷумла Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ахиран дар як нишасти матбуъотӣ таъкид карда буд, ки то ҳол дар ин кишвар ҳеҷ корманди расонае ба ҷурми ришваситонӣ боздошт нашудааст. Ба гуфтаи вай, мавориди фасод умдатан дар фаъолияти вазоратхонаҳои маъориф, беҳдошт, кишоварзӣ, обёрӣ ва бархе аз ниҳодҳо ва муасиссоти дигари давлатии Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Ҳарчанд дар бораи корномаи қаблии оқои Ҳабибулло Ташрифов иттилоъи зиёд дар даст нест, аммо гуфта мешавад, ӯ ҳудуди даҳ соли ахир дар бахшҳои мухталифи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҳамкоронаш мегӯянд, ки қаблан ӯ дар бахши ахбори шабакаи аввали телевизиюни давлатӣ низ фаъолият кардааст, замоне, ки Асадулло Раҳмонов, раиси феълии Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон раёсати бахши ахбори телевизиюнро бар ӯҳда дошт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3256-2010-10-01-11-46-33.html