21:09:12 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/03_vodii_rasht_2147_555'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/03_vodii_rasht_2147_555'

ОМОДАГӢ БА МАРҲАЛАИ НАВИ АМАЛИЁТ ДАР РАШТ

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Рашт дар садади шурӯъи марҳалаи тозаи амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат буда, умедворанд, ки ин марҳала бо боздошти як гурӯҳи дигари ин силоҳбадастон анҷом шавад.

 

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин хабари ожонсииАзия Плюсдар мавриди фуруди садамавии як чархболи нерӯҳои давлатӣ дар маҳалли амалиёт дар ноҳияи Раштро рад кард ва гуфт, ба далели дар рустоҳои аҳолинишин идома доштани амалиёти зидди шӯришиҳо, истифодаи чархбол дар ин амалиёт ғайримумкин шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев ҳамзамон хабари ҷароҳат бардоштани як сарбози дигар аз нерӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Раштро низ рад кард. Аммо тасдиқ ва ё такзиби ин хабарҳо аз манобеъи мустақил ба далели қатъ будани робитаи телефонӣ бо ноҳияи Рашт кори мушкил шудааст.

 

Гузоришҳо аз даргирӢ дар баландкӮҳҳои Рашт

Хабаргузории ИТАР-ТАСС қаблан дар бораи даргириҳо дар манотиқи баландкӯҳ ва душворгузари ноҳияи Рашт иттилоъ дода буд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин гузоришҳоро рад мекунанд. Тоҳир Норматов, сардори ситоди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарҳоро бепоя хонд ва гуфт, рӯзи шанбеи 2 октябр дар он минтақа ягон садои тир баланд нашудааст.

 

ИТАР-ТАСС гуфт, ки даргириҳо дар баландкӯҳҳои дараи Камароб, воқеъ дар қисмати шарқии Тоҷикистон, идома дорад ва мақомоти кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ аз мухолифони давлат ва зархаридони хориҷӣ иборатанд. Ёдовар мешавем, ки вазъ дар минтақаи кӯҳдомани Камароб сар аз 19-уми сентябр ноором шуда, даргириҳои ҳукумат бо гурӯҳҳои мусаллаҳ қурбониҳоеро ҳам ба бор овардааст.

 

Ахиран дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов, ки сафареро дар ҳамин минтақа анҷом медиҳад, ба хабарнигорон гуфт, аз гурӯҳҳои мусаллаҳ талаб дорад, ки оҷилан силоҳ ба замин гузоранд, ё комилан аз байн бурда хоҳанд шуд. Ҷаноби Азимов ҳамчунин гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон кишварҳои ҳаводори нооромӣ дарТоҷикистонро мешиносанд ва агар онҳо аз "аъмоли фитнаангез"- и худ даст накашанд, мақомот далели тахрибкориҳои онҳоро ошкор хоҳанд кард.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3271-2010-10-03-14-04-45.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ