21:07:47 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/03_kamarob_2147_8'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/03_kamarob_2147_8'

КАШФИ ЗАХОИРИ СИЛОҲУ ҒИЗО ВА ДОРУВОР ДАР КАМАРОБ

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои қудратии Тоҷикистон дар идомаи амалиёти поккорӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт махфигоҳҳое бо захираи аслиҳаву дорувор ва маводи ғизоиро кашф кардаанд. Мақомот мегӯянд, дар садади боздошти боз як гурӯҳи дигар аз силоҳбадастонанд. Манбаъи ин хабар - Тоҳир Норматов, раҳбари ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба захира шудани чунин мавод ҷангиён ғолибан ба зимистонгузаронии тӯлонӣ омодагӣ мегирифтанд.

 

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила дар ҳамин ҳол ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ба зудӣ як гурӯҳи дигари силоҳбадастон дар Рашт дастгир хоҳанд шуд.Маҳмадулло Асадуллоев аммо хабари ожонсии “Азия Плюс” дар мавриди фуруди садамавии як чархболи нерӯҳои давлатӣ дар маҳалли амалиёт дар ноҳияи Раштро рад кард ва гуфт, ба далели дар рустоҳои аҳолинишин идома доштани амалиёти зидди шӯришиҳо, истифодаи чархбол дар ин амалиёт ғайримумкин шудааст.

 

Маҳмадулло Асадуллоев ҳамзамон хабари ҷароҳат бардоштани як сарбози дигар аз нерӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Раштро низ рад кард. Аммо тасдиқ ва ё такзиби ин хабарҳо аз манобеъи мустақил ба далели қатъ будани робитаи телефонӣ бо ноҳияи Рашт кори мушкил шудааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3272-2010-10-03-17-08-26.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ