13:40:17 02-уми Июни 2025 сол

ҲАЛОКАТИ 10 НАФАР ДАР АҒБАИ ШАҲРИСТОН

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар гарданаи Шаҳристон, 10 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Анзур Раҷабов, як корманди нозироти нақлиёт дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса шаби 3-юм ба 4-уми ноябр дар гардишгоҳи дуввуми ағбаи Шаҳристон аз сӯи Истаравшан ба ҷониби Айнӣ рух додааст.

 

Вай афзуд, бинобар резиши барфи зиёд, яхбандии роҳ ва тумани ғафс, ронандаи мошини сабукрави навъи" Musso" аз масир хориҷ шуда ба жарфнои 300 метрӣ сарозер шудааст.  Ҳамин манбаъ афзуд, аз 10 нафар мусофири ҳалокшуда 2 нафарашон аз ноҳияи Панҷакент, 1 нафар аз ноҳияи Айнӣ ва 7 нафари боқимонда аз ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд будаанд. Ба гуфтаи ин мақом, айни замон шахсияти ин мусофирон аниқ шуда аҷсоди онҳо ба зодгоҳашон фиристода мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3506--10----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854