13:41:18 02-уми Июни 2025 сол

АМАЛИЁТИ МУШТАРАК АЛАЙҲИ ТОЛИБОН ДАР МАРЗ

sarbozМасъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тайид карданд, ки амалиёт алайҳи ҷангиёни марбут ба гурӯҳҳои террористии «Ал-Қоида» ва «Толибон» дар минтақаи марзии Панҷ воқеъ дар ҷануби кишвар, ҳамроҳ бо нерӯҳои марзбонии Афғонистон сурат мегирад. Хушнуд Раҳматуллоев-сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, хабарҳо мабнӣ ба вуруди гурӯҳи сивупанҷнафарии «Толибон» ва «Ал-Қоида» аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон воқеият надорад. Зеро ин гурӯҳи марзшикан аз сӯи нерӯҳои қудратии Афғонистон нобуд карда шудаанд.

 

Мақомот: "Тавони ҷилавгирии даҳшатафканонро дорем"

Ин ҳам дар ҳолест, ки Довуди Довуд- фармондеҳи пулиси минтақаи шимоли Афғонистон аз вуруди як гурӯҳи мутааллиқ ба «Толибон» ва «Ал-Қоида» ба қаламрави Тоҷикистон, ки ба ҳамлаҳои нерӯҳои давлатӣ тоб наовардаанд, сӯҳбат кардааст. Генерал Довуд афзудааст, ки аз вуруди ин гурӯҳи тундрав мақомоти Тоҷикистонро огоҳ кардаанд то дар амри хунсо ва безарар гардонидани онҳо ҳамдастӣ кунанд

 

Ба ҳар ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, давлат дар роҳи ҷилавгирӣ аз вуруди ҳар гуна гурӯҳҳои марзшикан имконот ва тавоноии кофӣ дар ихтиёр дорад. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон узви созмони низомие чун Паймони амнияти дастаҷамъӣ аст, ки дар сурати хатари беруна ба яке аз ин кишварҳо, даст ба амал хоҳад зад.

 

Давлат Назриев- сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки барои пешгирӣ аз хатари ҳамлаи аносири тундрав ва даҳшатафкан, ки ба «Толибон», «Ал-Қоида» ва «Ҳаркати исломии Ӯзбакистон» мутааллиқанд, Тоҷикистон метавонад истодагарӣ кунад.

 

Бар изофа, аз чанд вақт ба ин сӯ миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Афғонистон, нерӯҳои НАТО дар ин кишвар, ИМА ва ҳамчунин созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба таври муназзам табодули иттилоъ дар бораи вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҳаракатҳои ҷудогонаи гурӯҳҳои парокандаи Толибон ва Ал-Қоида ва маҳалли таҷаммӯи онҳо сурат мегирад. Оқои Назриев афзуд дар сурати ташаннуҷи авзоъ дар ин марз, нерӯҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ кӯмак хоҳанд кард.

 

Таҳдиди гурӮҳҳои тундрав ҷиддитар мешавад

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси нооромиҳои ахире, ки ҳамин чанд вақти пеш дар Қирғизистон рух дод ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳеҷ амале дар роҳи хомӯш кардани он анҷом надод, бархе аз коршиносон кӯмаки ин созмон дар шароити ташаннуҷи авзо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баъид медонанд.

 

Аммо Қосимшо Искандаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд ин ду қазия, яъне вазъ дар Қирғизистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҳам тафовут дорад. Зеро муташанниҷ шудани вазъ дар сарҳадҳои Тоҷикистон ҳамзамон ноором шудани вазъ дар қаламрави кишварҳои узви ин Паймон ва пеш аз ҳама Русия арзёбӣ мешавад. Чунки дар ин сурат масъалаи таҷовуз ба ҳарими ин Паймон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз берун пеш меояд.

 

Ба эътиқоди коршиноси тоҷик, таҳдиди гурӯҳҳои тундравӣ мазҳабӣ дар Афғонистон, ки Тоҷикистонро барои худ паноҳгоҳи эҳтимолӣ интихоб хоҳанд кард, бештар ҷиддӣ мешавад. Зеро дар имтидоди марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон мавзеъҳое мавҷуданд, барои назорати комили онҳо шароит мавҷуд нест.

 

Масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир назорати қитъаҳое аз сарҳади ин кишвар бо Афғонистон, ки гумон меравад гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ аз онҷоҳо вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд, тақвият ёфтааст. Ба ин манзур ба ин қитъаҳои марзбонӣ, лавозимоти муосири ҷангӣ, дастгоҳҳои изофии муроқибат дар ҳангоми шаб ва фазои туман дода шудааст.

 

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3509-2010-11-05-15-33-08.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854