14:28:29 02-уми Июни 2025 сол

ҶАСАДИ БОЗ ЯК АФСАРИ ГУРӮҲИ "АЛФА" ПАЙДО ШУД

Дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ аз кашфи ҷасади боз як узви гурӯҳи «Алфа»-и ин кумита, ки як моҳ қабл бар асари суқути чархбол дар минтақаи Навободи ноҳияи Рашт нопадид шуда буд, хабар дод. Бино ба иттилои ин сарчашма, ҷасади Диловар Талбаков, зодаи шаҳри Кӯлобро гурӯҳи вижаи ҷустуҷӯӣ субҳи имрӯз аз дарёи Сурхоб пайдо кардааст.

 

rashtҶасади афсари кушташуда ба пойтахт оварда шудааст ва қарор аст, давоми рӯз ба Кӯлоб интиқол дода шавад. Ин панҷумин ҷасади гурӯҳи шашнафарии “Алфа”-и Кумитаи миллист. Амалиёти ҷустуҷӯи як нафари боқимонда идома дорад. Як ҳафта қабл аз ҳамин маҳал ҷасади прапоршики калони гурӯҳи "Алфа" Сӯҳроб Мирзоевро пайдо карданд. Пештар, рӯзи 27-уми октябр, ҷасади се нафари дигар - Мискиншо Ироншоев, зодаи шаҳри Хоруғ, Олим Суяров, зодаи ноҳияи Данғара ва Ширин Сафаров, зодаи ноҳияи Фархор кашф шуда буд.

 

Мақомоти интизомии кишвар аз суқути чархболи ҳомили нерӯҳои қудратӣ дар маҳали Навободи минтақаи Рашт дар рӯзи 6 октябр хабар дода буданд, ки дар пайи он аз 27 савори чархбол, 20 нафар ба ҳалокат расид. Дар миёни онҳо, ҷасади 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви нерӯҳои “Алфа” шиносоӣ шуда буд.

 

Дар ибтидо чанд фарзияи суғути ҷархбол дар миён буд. Яке аз фарзияҳо, беш аз ҳадди мумкин бор доштани чархбол унвон мешуд. Фарзияи дигар ин буд, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3523------qq--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854