ТАҲИЯГАРИ ТАРҲИ ҚАТЛИ АТОХОҶА РАВОНАИ ЗИНДОН ШУД
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ахиран як ҷонибдори гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиевро барои 30 сол равонаи зиндон кард. Ҳайдар Бобомуродов, сокини ноҳияи Ҳисор дар додгоҳ иқрор кардааст, ки тӯли чанд соли ахир узви гурӯҳи ин сарҳанги шӯришӣ буд ва дар зимистони соли гузашта тарҳи инфиҷори худрави хидматии раиси шаҳри Турсунзодаро таҳия кард буд.
Алпомиш Акбаров, қозии ин парванда гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ собит сохтааст, Ҳайдар Бобомуродови 56-сола ҳанӯз дар соли 1994 ба гурӯҳи ҷиноии Ибод Бойматов, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи мардумӣ ё Фронти халқӣ, ки дар авоили даҳаи 1990 раиси шаҳри Турсунзода буд, пайваста буд. Тибқи иттилоъи бозрасон, оқои Бобомуродов аз соли 1997 то соли 2009 узви гурӯҳи ҷиноии Маҳмуд Худойбердиев буд. Он солҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон маъмулан дар ноҳияи Шаргуни Ӯзбакистон ба сар бурдааст.
Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ Ҳайдар Бобомуродов ҳамчунин иқрор шудааст, ки дар ин ноҳия воҳиди низомии Вазорати дифоъи Ӯзбакистон воқеъ аст, ки раҳбарии онро Маҳмуд Худойбердиев бар ӯҳда дорад. Тирамоҳи соли 2009 оқои Бобомуродов аз фармондеҳони худ дастур гирифтааст, ки худрави хидматии Баракатулло Атохоҷа, раиси шаҳри Турсунзода ва вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистонро мунфаҷир кунад.
Тибқи иттилоъи бозрасон, оқои Бобомуродов бо ин мақсад аз роҳи ғайриқонунӣ марзи миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро убур карда, муддате дар манзили Ҳалима Назарова, хонуми худ, ки дар рустои Регари ноҳияи Турсунзода ба сар мебурд, зиндагӣ кардааст. Дар ин деҳа ронандаи худрави хидматии раиси шаҳри Турсунзода низ иқомат мекардааст ва оқои Бобомуродов тасмим гирифтааст, барои анҷоми "маъмурияти" худ аз ин шароит истифода барад.
Баъд аз омӯзиши шароит ва ҷамъоварии иттилоъоти лозим оқои Бобомуродов ба Ӯзбакистон баргашта ва фармондеҳонаш барои анҷоми "амалиёт", яъне туррури шаҳрдор ба ӯ ду адад телефуни мубойл ва беш аз 700 гром маводди мунфаҷира додаанд. Тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ, Ҳайдар Бобомуродов дубора ба рустои Регари Тоҷикистон баргашта, машғули тарҳрезии террури Баракатуллоҳ Атохоҷа мешавад ва ба ин кор Абдурашид Ашӯрови 24-сола, писари хоҳари худро низ ҷалб месозад.
Вале ниҳодҳои интизомӣ аз тарҳрезб шудани ин "амали терруристӣ" огоҳ шуда ва 6 октябр ин ду нафарро боздошт мекунанд. Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ Ҳайдар Бобомуродов дар тарҳрезии чунин амалиёт иқрор шуда, вале гуфтааст, ки қасди иҷрои ин тарҳро, надоштааст. Ба гуфтаи оқои Бобомуродов, ӯ бидуни иҷрои дастури қатли раиси шаҳри Турсунзода, наметавонист ба Ӯзбакистон баргардад, вале чун "аз ин гуна ҳаёт хаста" шуда буд, тасмим гирифта буд, ки ин амалро анҷом надиҳад ва дар Тоҷикистон мондагор шавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон оқои Бобомуродовро дар иртикоби аъмоли теруристӣ, убури ғайримуҷоз аз марз, авбошӣ ва сӯйиқасд ба ҷони мақоми давлатӣ муттаҳам дониста, ӯро барои сӣ сол равонаи зиндон кардааст. Абдурашид Ашӯров барои ҳамдастӣ дар бархе аз ин ҷароим ба чаҳор соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ҳафтаи гузашта низ додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда буд.
Маҳмуд Худойбердиев аз фармондеҳони саршиноси Фронти халқӣ буд, ки барои ба сари қудрат омадани давлати феълии Тоҷикистон мусоидат кардааст. Вале дар авосити даҳаи 1990 миёни вай ва давлат ихтилофоте буруз кард. Баъд аз шӯриши нофарҷом дар вилояти Хатлон дар соли 1995, оқои Худойбердиев аз Тоҷикистон фирор кард ва баъд аз як сол ба вилояти Суғд ҳамлаи низомӣ анҷом дод, ки дар маҷмӯъ беш аз як сад кушта ва маҷрӯҳ барҷой гузошт.
Дар ин муддат беш аз 120 тан аз ҷонибдорони ин сарҳанги шӯришӣ дар Тоҷикистон боздошт ва муҷозот шуда, бархе аз онҳо эъдом низ шудаанд. Давлати Тоҷикистон иддаъо дорад, ки оқои Худойбердиев дар Ӯзбакистон паноҳ бурдааст ва пайваста истирдоди ӯро тақозо мекунанд. Вале ҷониби Ӯзбакистон ин иддаъоро радд мекунад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз сиёсатшиносон гурӯҳҳои марбут ба Маҳмуд Худойбердиевро, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, барои давлати Тоҷикистон яке аз хатароти ҷиддие арзёбӣ мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3528-2010-11-08-09-32-22.html