14:42:11 02-уми Июни 2025 сол

ҶАСАДИ ОХИРИН ҚУРБОНИИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛ ПАЙДО ШУД

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз кашфи ҷасади охирин узви гурӯҳи «Алфа»-и Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Далер Обидов, ки зимни суқути чархбол рӯзи 6-уми октябр нопадид шуда буд, хабар додааст. Ҷасади Далер Обидов дар рӯдхонаи Сурхоб кашф шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки бо кашфи ин ҷасад амалиёти ҷустуҷӯ, ки як моҳ идома дошт, хотима ёфтааст.

 

vertoletЧархболи Горди миллии Тоҷикистон, ки ҳомили нерӯҳои мавсум ба "Алфа"-и Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон ва нерӯҳои дигари қудратӣ буд, 6 октябр дар минтақаи Рашт дучори ҳодиса шуд ва суқут кард. Бар асари суқути чархбол 28 нафар, аз ҷумла 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви “Алфа” ва инчунин халабонони он кушта шуданд. Танҳо як нафар аз сарнишинони чархболи суқуткарда, сарбози "Алфа" Фахриддин Хидиров аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурдааст, ки таҳти назорати пизишкон қарор дорад. 

 

Ба думболи суқути чархбол, 8 тан аз аъзои гурӯҳи "Алфа" нопадид шуданд, ки дар чанд ҳафтаи гузашта ҷасади онҳо ба думболи ҳам пайдо шуд. Дар ибтидо чанд фарзияи суқути ҷархбол дар миён буд. Яке аз фарзияҳо, беш аз ҳадди мумкин бор доштани чархбол унвон мешуд. Фарзияи дигар ин буд, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.

 

Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта Саидмумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки амалиёти алайҳи ҷангиёни Мулло Абдулло дар минтақаи Рашт ба поён расидааст ва аъзои ин гурӯҳ амалан нобуд шудаанд. Амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ оғоз шуд, ки бар асари он 25 нафар афсару сарбоз кушта шуданд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3547-2010-11-10-15-01-48.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854