14:34:13 02-уми Июни 2025 сол

САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН ДАРГУЗАШТ

Абуталип Ахметов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, шаби гузашта дар асари бемории қалб даргузашт. Манобеъи сафорати Қазоқистон дар Душанбе гуфтанд, ки сактаи қалбии оқои Ахметов ба таври ногаҳонӣ сурат гирифта ва ӯ дар соъати 8 шаб даргузаштааст. Пизишкон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд.

 

abutalipakhmetovФеълан масъулони сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон машғули анҷоми тадорукот барои интиқоли ҷанозаи Абуталип Ахметов ба ватан ҳастанд. Гуфта мешавад, ки парвози наздиктарин ба шаҳри Олмотии Қазоқистон рӯзи шанбе анҷом мешавад ва манобеъи сафорат мегӯянд, ки ҷанозаи оқои Ахметов рӯзи шанбе тавассути ҳавопаймо ба ватан интиқол хоҳад ёфт. Субҳи имрӯз парвозе ба Олмотӣ анҷом шуд, вале имкони интиқоли ҷасади сафири Қазоқистон ба ватанаш фароҳам нашудааст.

 

Абуталип Ахметов 61 сол дошт ва дар моҳи майи соли 2008 ба симати сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон интисоб шуда буд. Қабл аз аз маъмурияташ ба Тоҷикистон, вай дар вазифаи консули кишвараш дар шаҳри Истонбули Туркия ифои вазифа кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3553-2010-11-11-05-15-44.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854