22:59:07 01-уми Июни 2025 сол

СӯХТОР ДАР БОЗОРИ "САХОВАТ"-И ПОЙТАХТ

Шаби 22 ба 23-юми ноябр, дар бозори “Саховат”-и Душанбе, яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон оташсӯзӣ ба амал омада, чандин ғурфаи фурӯши мол, хусусан мағозаҳои хӯрокавориро ба хокистар табдил кард.

 

bozor sakhovatШоҳидон дар маҳали ҳодиса мегӯянд, ки ҳодисаи оташсӯзӣ соати 23,45 -и шаб рух додааст ва чандин растаи бозор, ки умдатан дӯконҳои фурӯши ширинӣ, маводи озуқа ва гӯштфурушӣ буданд ба таври комил сӯхтаанд. Хабанигори Озодӣ низ, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт мегӯяд, воҳидҳои сӯхторнишонӣ дар 15-20 дақиқа аз оғози ҳодиса ба маҳали сӯхтор расида дар ҳудуди як соат сӯхторрро хомӯш кардаанд. Хушбахтона ин ҳодиса бидуни кадом қурбонии ҷонӣ тамом шудааст.

 

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест. Сабаби эҳтимолии сар задани сӯхтор беэҳтиётӣ дар мавриди истифода аз шамъ гуфта мешавад. Зеро ба гуфтаи тоҷирони дар маҳали ҳодиса ҳузур дошта, дар се рӯзи ахир бозори "Саховат" аз қувваи барқ маҳрум будааст. Акнун дар маҳалли ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ ба кор шурӯъ кардааст, ки бояд илали оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисороти ворида ба тоҷирони бозор дар асари ин ҳодисаро муайян кунад.

 

Оташсӯзӣ дар бозори “Саховат” ҳодисаи аввали ба коми оташ фурӯ рафтани бозору фурӯшгоҳҳо дар пойтахт нест. Қаблан бузургтарин бозори молу колои пойтахт - «Корвон» ва бозорҳои “Шоҳмансур» ва маркази тиҷории «Наргис» дар Душанбе, дучори ҳодисаҳои мушобеҳ шуда буданд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3643----qq--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854