НИШАСТИ САРВАЗИРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ БА КОРИ ХУД ОҒОЗ МЕКУНАД
Имрӯз, 25 ноябр дар Душанбе нишасти сарвазирони Созмони ҳамкориҳои Шанхай оғоз ба кор мекунад.
Ин Созмон дар солҳои 90 ибтидо ба хотири ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои шӯравии собиқ ташкил шуда, соли 2001 ба як иттиҳодияи минтақавӣ табдил ёфт. Ин иттиҳодия феълан 6 кишвар – Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад. Чор кишвари дигар- Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.
«Рӯзгор»