ДИДОРИ РАСМИИ НАХУСТВАЗИРИ ЧИН АЗ ТОҶИКИСТОН
Оқои Ҷибао сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Чин ва Тоҷикистонро баланд арзёбӣ кард. Мақомоти Тоҷикистон аз тарҳҳои сармоягузории Чин дар бахшҳои энержӣ ва бунёди роҳҳо ибрози сипос карданд. Тибқи иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар чанд соли ахир “Эксимбонк”-и Чин ба ин манзур 780 милюн дулор воми дарозмуддат ва бо баҳраи кам ихтисос додааст.
Вен Ҷибао, нахуствазири Чин, ки дар ҷараёни дидори расмиаш аз Тоҷикистон қабл аз зӯҳри панҷшанбеи 25 ноябр бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дидор кард, сатҳи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ин ду кишварро баланд арзёбӣ кардааст.Ба гуфтаи оқои Ҷибао, мизони табодули коло миёни Чин ва Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз як милёрд дулор арзёбӣ шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо арқоми давраи мушобеҳи соли гузашта 2,5 дар сад афзоишро нишон медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин дидор муборизаи муштарак алайҳи терурисм, бунёдгаройӣ ва қочоқи маводди мухаддир матраҳ гардидааст.Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора менависад: "Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои сармоягузории лоиҳаҳои стратегӣ, ки барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ доранд, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки чунин ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави зербиноӣ идома хоҳад ёфт."
Дидори нахуствазири Чин аз Тоҷикистон ҳамзамон бо ҷаласаи нахуствазирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе анҷом шуда ва ӯ дар ин ҷаласа низ ширкат дошт.Вен Ҷибао баъди зӯҳри имрӯз бо Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, низ дидор карда ва баъдан ҳайъатҳои давлатӣ масоили мавриди баҳси тарафайнро баррасӣ хоҳанд кард.Дар назар аст дар поёни дидор ҷонибҳо санадҳои ниҳоии сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро имзо кунанд.
Ҳамчунин, баъд аз зӯҳри имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ли Жео Гу, раиси Бонки Содироту Воридоти Чин мавсум ба "Эксимбонк" дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди мӯътабари молии Чинро матраҳ кардааст.Бахши аслии пружаҳои бунёди тунелу роҳҳои иртиботӣ ва хутути барқи Тоҷикистон аз сӯйи ин бонк сармоягузорӣ шудааст.
Пас аз ин дидор миёни Тоҷикистон ва "Эксимбонк"-и Чин ду санад дар бораи тахсиси вомҳои ботахфиф барои бунёди хатти 220 киловолтии интиқоли неруи барқ аз шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ва бозсозии роҳи утумубилрави масири Душанбе-Хоруғ-Кулма имзо шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди коршиносон, дар солҳои ахир Тоҷикистон бештар барои тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф бо Чин ва ҷалби сармояи ин кишвар ба тарҳҳои истротежики кишвар талош кардааст.Абдунабӣ Сатторзода, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, гуфт, ки Чин аз бузургтарин сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда ва табодули коло миёни ин ду кишвар низ дар ҳоли афзоиш аст.Гуфта мешавад агар табодули коло миёни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2001 болиғ ба 10 милюн дулор бошад, ин рақам дар соли гузашта ба як милёрду 400 милюн дулор расидааст.
Ҳамчунин, бино ба иттилоъи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, теъдоди ҷавонони тоҷике, ки дар муассисоти таҳсилоти олии Чин омӯзиш мегиранд, бамаротиб афзоиш ёфтааст.Ин манбаъ гуфт, ки дар соли 1994 танҳо 5 донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекарданд. Ҳоло теъдоди донишҷӯён ба 539 нафар расидааст, ки дар 95 донишгоҳи Чин ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Зимнан, дар зарфи се соли ахир бо сармояи Чин ва аз ҷониби мутахассисони чинӣ тунели “Озодӣ” дар масири Душанбе то марзи Чин, хатти баландшиддати “Ҷануб-Шимол”, бозсозии роҳҳои иртиботии масирҳои Душанбе-Чаноқ то марз бо Ӯзбакистон ва Душанбе-Данғара анҷом шудааст.Ҳамчунин, Чин барои истихроҷ ва коркарди маъодин дар Тоҷикистон сармояи зиёде ворид кардааст.
Би-Би-Си