16:07:56 01-уми Июни 2025 сол

КОХИ САФЕД ИФШОИ АСНОДИ СИРРИРО ТАФТИШ МЕКУНАД

Мақомоти ИМА гуфтанд, ки дар вокуниш ба нашри асноди сиррии дипломатӣ аз сӯи сомонаи интернетии Wikileaks аз чанд иқдоми фаврӣ кор мегиранд ва аз ҷумла, тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ифшои ин аснодро шурӯъ мекунанд. Дар ин бора Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафаед ба хабарнигорон иттилоъ дод.

 

Аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, нашри асноди дипломатии сиррӣ аз сӯи сомонаи интернетии Wikileaks-ро “ҳамла ба ҷомеъаи байнулмилалӣ” номид. Ба гуфтаи ӯ, Вошингтон аз нашри ин ҳуҷҷатҳои сиррӣ сахт муттаассиф аст. Хонум Клинтон афзуд, ифшои ғайриқонунии иттилоъи сиррӣ "ба ҳаёти одамон ва ба амнияти миллии мо таҳдид мекунад ва ба ҳамкории мо бо дигар кишварҳо ба хотири ҳалли мушкилоти муштарак латма мезанад".

 

Ҳампаймонҳои ИМА низ нашри ҳуҷҷатҳои дипломатии сиррӣ аз сӯи сомонаи интернетии Wikileaks-ро як гоми бемасъулиятона хонда изҳор намуданд, ки он боиси сардшавии робитаашон бо Амрико нахоҳад шуд. Рӯзи якшанбе сомонаи Wikileaks беш аз 250 ҳазор асноди гуногуни сиррии дипломатии амрикоиро нашр кард.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854