16:14:54 01-уми Июни 2025 сол

АББОС: УМЕДҲО БАРОИ ИМЗОИ СОЗИШИ СУЛҲ БАРБОД МЕРАВАНД

Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин, ҳушдор дод, ки идомаи бунёди манозил барои исроилиҳо дар қаламрави ишғолӣ метавонад ҳама умедҳо барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Ховари Миёнаро барбод диҳад.

 

Дар як паёми Аббос унвонии Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун дар робита ба Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйӣ бо Фаластин, гуфта шудааст, ки айни ҳол умедҳои кучаке барои имзои созиши сулҳ боқӣ мондаанд. Аз ин пеш раҳбари Фаластин гуфта буд, ки агар Исроил барои бунёди манозил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва дар Байтулмуқаддаси шарқӣ мораторий эълон накунад, фаластиниҳо сари мизи музокирот оид ба мусолиҳа дар Ховари Миёна барнамегарданд.

 

Гуфтушуниди мустақим миёни Фаластину Исроил авоили моҳи сентябр шурӯъ шуд ва аммо баъди хатми мӯҳлати моратории бунёди манозил барои яҳудиҳо дар қаламрави ишғолии Фаластин ба бунбаст ворид гардид.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854