БЕЛЛА АҲМАДУЛИНА ДАРГУЗАШТ
Белла Аҳмадулина, шоираи машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия, ки яке аз шоҳсутунҳои назми муосири рус ба ҳисоб меравад, 29-уми ноябр дар синни 74-солагии дунёро падруд гуфт. Дар ҳаққи ӯ мегуфтанд: «Занест, ки аз модар шоир таваллуд шуда». Шеърро ӯ бо садои нотакрор ва тарзи худ, ки ғайриқобили пайравӣ аст, қироат мекард. Белла Аҳмадуллина 10-уми апрели соли 1937 дар шаҳри Масква ба дунё омадааст.
Аҷдоди модарии ӯ итолиёвӣ буданд, ки ба Русия муҳоҷират карда дар ин ҷо муқимӣ шудаанд. Дар байни онҳо Стопании инқилобчӣ низ буд. Падараш Аҳад аз мардуми тотор буд. Ба шеърнависӣ аз овони наврасӣ шурӯъ кардааст. Баъдан ба Институти адабиёти ба номи М.А. Горький дохил мешавад. Соли 1959 барои он ки Борис Пастернакро маҳкум намекунад,, ӯро аз Донишкада пеш мекунанд, вале баъдан боз барқарор менамоянд. Дар ҳамин чо истеъдоди фавқулодда нодири ӯро шоирон ва муҳаққиқон бо як овоз эътироф мекунанд. Дар соҳаи журналистика низ худро санҷидааст. Мақолаҳояш умдатан дар рӯзномаи «Комсомольская правда» ба табъ мерасиданд.
Аввалин китоби Аҳмадуллина таҳти унвони «Струна» («Тор») соли 1962 аз чоп баромадааст. Китоби навбатиаш «Озноб» («Вараҷа») соли 1969 дар нашриёти муҳоҷирони рус дар Олмони Ғарбӣ ба табъ мерасад. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ маҷмӯаи ашъори ӯ «Дарси мусиқӣ», «Шеърҳо», «Шамъ», «Тӯфон» ва ғайра ба нашр мерасанд. Соли 1977 Белла Аҳмадулина узви ифтихории Академияи адабиёт ва санъати Америка интихоб мешавад. Аҳмадулина асарҳои насрӣ низ эҷод кардааст. «Саги бисёр ва модасаг» намунаи осори насрии ӯст, ки дар байни алоқамандони адабиёти рус таваҷҷӯҳи хосаеро касб кардааст.
Ӯро дар қатори Андрей Вознисенский, Евгений Евтушенко, Роберт Рождественский аз «шоирони эстрада» хондаанд. Қаҳрамонони ашъори Аҳмадуллина аз шоирони классики рус Пушкин сар карда то дӯстонаш Булат Окуджава, мардуми одии рус мебошанд. Аҳмадулина тарҷумонӣ низ кардааст. Асосан шуарои гурҷӣ Н. Бараташвили, Г. Табидзе, С. Чикованиро тарҷума намудааст. Муаллифи эссеҳои машҳур дар бораи В.Набоков, А.Ахматова, М.Цветаева, Вен.Ерофеев, А.Твардовский, П.Антокольский, В.Высоцкий ва дигарон мебошад.
Ба гуфтаи шоираи маъруфи тоҷик хонум Гулрухсор Сафиева агарчи натанҳо маҷмӯа, балки як шеъри Аҳмадулина ба забони тоҷикӣ тарҷума нашуда бошад ҳам, вале алоқамадони ашъори ӯ дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Онҳо умдатан насли калонсоланд ва ашъори шоираро бо забони асл, забони русӣ мутолиа мекунанд. Хонум Гулрухсор бо Аҳмадулина шахсан ошно будааст ва хотираҳои ҷолиберо аз рӯзгор ва осори ин шоираи машҳури рус бо худ дорад.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3712-2010-11-30-07-46-49.html