07:19:20 08-уми Июни 2025 сол

ШАШ САРБОЗИ ХОРИҶӢ ДАР АФҒОНИСТОН КУШТА ШУДАНД

Нерӯҳои байнмалмиллалии ёрии амниятӣ, ISAF (Ойсоф) дар Афғонистон аз кушта шудани шаш сарбози худ дар ҷануби Афғонистон хабар додааст. Маркази фармондеҳии нерӯҳои Ойсоф дар Кобул бо судури эъломияе гуфтааст, ки ин сарбозон дар ҷараёни ҳамлаи шӯришиён дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд.

 

us_soldiersОйсоф маҳалли дақиқи ин ҳодиса ва ҳамчунин миллият ва ҳуввияти ин сарбозонро мушаххас накардааст. Соли ҷории мелодӣ хунинтарин сол барои нерӯҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон аз замони оғози ҳузури ин нерӯҳо (соли 2001) дар ин кишвар будааст. Дар соли ҷории мелодӣ 670 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта шудаанд, дар ҳоле ки ин омор дар соли 2009 мелодӣ ба 502 нафар расида буд. Шуморе аз ин сарбозон дар даргириҳои мустақим бо шуришиён кушта шудаанд, аммо бештари онҳо дар пайи инфиҷорҳои бумбҳои канориҷодаӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 150 ҳазор сарбози хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва мақомҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки аз нимаи соли ояндаи мелодӣ раванди хуруҷи нерӯҳои худ аз ин кишварро оғоз мекунанд. Ҳарҷанд бархе бо ин истидлол ки ҳанӯз шӯришиён ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Афғонистон фаъол ҳастанд, таъини замоне мушаххас барои хуруҷи ин нерӯҳоро тасмиме дуруст надонистаанд. Аммо ахиран Роберт Гейтс, вазири дифоъи Омрико дар сафаре ба Афғонистон гуфт, ки вазъият дар ин кишвар дар ҳадде "беҳбуд" ёфтааст, ки барномаи хуруҷи низомӣ аз он қобили иҷро бошад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3843-2010-12-12-16-38-30.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854