07:54:56 08-уми Июни 2025 сол

АМАЛИЁТИ НИЗОМӢ БОИСИ СОҲИЛБАНДӢ ШУД

Дасти кам даҳ ширкати сохтмонӣ, ки ба соҳилбандии рӯдхонаи Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ машғуланд, кори худро мутаваққиф кардаанд.

 

Холмурод Нурматов, сардори корхонаи воҳиди давлатии сохтмон ва истифодабарии ноҳияи Ҳамадонӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тавқифи корҳои соҳилбандӣ бо дастури ҳукумати маҳаллӣ ва ба хотири баргузории амалиёти ошкор ва боздошти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

 

Шурӯъ аз рӯзи душанбе нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин, воқеъ дар 180 километрии шаҳри Душанбе, таъқиби гурӯҳи мусаллаҳеро идома медиҳад, ки ду ҳафта пеш дар ноҳияи Балҷувон зуҳур карда бо кормандони милисаи ин ноҳияи вориди бархӯрд шуда буд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854