ДАРГУЗАШТИ НАВИСАНДА МИНЕЛ ЛЕВИН
Минел Левин, шоъир ва нависандаи русизабони Тоҷикистон ва узви Иттиҳодияҳои нависандагони Тоҷикистону Русия дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Рязани Русия даргузашт. Оқои Левин аз худ беш аз 20 китоби шеъру наср ба мерос гузоштааст, ки бештари онҳо дар бораи зебоиҳои табиъати Тоҷикистон ва корномаҳои марзбонон ҳикоят мекунанд.
Ҳамчунин, истидиюи “Тоҷикфилм” бар асоси осори ӯ чанд филм сохтааст. Оқои Левин дар соли 1925 дар шаҳри Мурмански Русия таваллуд шуда ва дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ширкат кардааст. Вай дар даҳаи 1940-1950 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аввал ба унвони марзбон ва баъдан ба ҳайси сардабири нашрияҳои русизабони "Пограничник Таджикистана" ва “Пограничник Памира” ифои вазифа кардааст.
Бахши аслии зиндагии Минел Левин дар Тоҷикистон сипарӣ шуда ва ӯ дар солҳои мухталиф масъули маҷаллаи “Литературний Таджикистан” ва раиси Шӯрои адабиёти рус дар Иттиҳодияи нависандагон буд. Ҳамчунин, солиёни тӯлонӣ ӯ раёсати Федеросиюни футболи Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Ба дунболи оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 Минел Левин Тоҷикистонро тарк карда ва дар шаҳри Рязани Русия маскун шуд.
Би-Би-Си