07:23:03 08-уми Июни 2025 сол

ПУТИН: "ДУЗД БОЯД ДАР ЗИНДОН БИМОНАД"

Владимир Путин, сарвазири Русия, мутмаин аст, ки раҳбари пешини ширкати маъруфи ЮКОС Михаил Ходорковский бояд дар зиндон боқӣ бимонад.

 

Дар ҷараёни гуфтугӯи мустақими телевизионӣ бо шаҳрвандони Русия ӯ дар посух ба суол дар бораи мурофиаи навбатии додгоҳии Ходорковский гуфт, ки "ҷиноёти ҷаноби Ходорковский дар додгоҳ собит шудаанд". Владимир Путин афзуд, ки Михаил Ходорковский дар яғмои миллиардҳо рубл ва сарпечӣ аз пардохти андоз муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи сарвазири Русия, барои ҳамин гуна ҷиноёт дар Амрико сармоядор Мэдофф барои 150 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

 

Путин бо ишора ба норомиҳои ахир дар шаҳри Маскав изҳор намуд, ки мақомоти кишвар дар мубориза бо зуҳуроти ифотгароӣ бояд аз чораҳои шадид кор бигирад. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Русия бояд дар ҳама гӯшаҳои кишвар худро амну роҳат эҳсос кунанд. Ба иттилоъи Додситонии кулли Русия, дар робита ба бенизомиҳои ахир дар шаҳри Маскав 22 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854