10:20:52 08-уми Июни 2025 сол

МАРЗБОНОНИ ЛИТВА САБАҚИ МУБОРИЗА БУРДАН БО КОРРУПСИЯРО МЕДИҲАНД

Дирӯз, 17.12.10, дар Душанбе курси омӯзишии якҳафтаина барои омода намудани устодон дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ бо коррупсия ва мубориза ба он, ки барои устодони  омӯзишгоҳҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гузаронида шуда буд, анҷом пазируфт.

 

granizaШонздаҳ нафар омӯзгорон ва афсарон аз якчанд мақомоти сарҳадӣ дар ин курс иштирок карданду савияи дониши худро дар ин самт баланд бардоштанд. Иштирокчиён чи тавр гузаронидани курси омӯзиширо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз коррупсия ва мубориза бо он, ки бо дастгирии САҲА тарҳрезӣ шуда буд, омӯхтанд. Ин курс асосан  бо усулҳои интерактивии таълим гузаронида шуд. Моҳияти ин усул дар он аст, ки худи таълимгирандагон бо кӯмаки устодон дарсҳоро мегузаронанд.Ин барои  осонтар азхуд кардани маводи дарсӣ хеле муфид аст.

 

«Ба воситаи пурзӯр гардонидани имкониятхои марказҳои омӯзишӣ дар такмили дониши афсарони оянда ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ бо коррупсия, ин курс  яке аз мушкилиҳои асосии сохторҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ унсурҳои асосӣ дар мубориза бо коррупсия мебошанд»-, қайд намуд сафир Ивар Викки, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар маросими хатми ин давраи таълим. 

 

Иштирокчии курс, подполковник Идибек Собиров аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, илова намуд: «Иштироки фаъолонаи намояндагони ташкилотҳои гуногуни омӯзишӣ нишон медиҳад, ки ин ташкилотҳо зарурати бурдани кори якҷояро дар мубориза бо таҳдидҳои муштарак  ҳамчун коррупсия дарк менамоянд. Яке аз роҳҳои ноил гаштан ба ҳамкории беҳтар гузаронидани чунин тренингҳои байниидоравӣ ва хамчунин тарҳрезии муштараки барномаи таълимӣ ҳастанд.»

 

Ин курс аз ҷониби мутахассис-коршинос оид ба масоили мубориза бо коррупсияи Хадамоти давлатии сарҳадии Вазорати корҳои дохилии Литва гузаронида шуд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3917-2010-12-18-05-45-34.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854