09:53:36 08-уми Июни 2025 сол

РАИСИ ҲУКУМАТИ НАВИ ҚИРҒИЗИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Парлумони Қирғизистон бо аксарияти оро Алмосбек Ҳотамбоев, раиси Ҳизби сотсиал-демократро раҳбари ҳукумати Қирғизистон интихоб кард. Алмосбек Ҳотамбоев дар даврони президентии Қурмонбек Боқиев чанд муддат нахуствазири Қирғизистон буд.

 

raisi navНомзадии Алмосбек Ҳотамбоев аз сӯи эътилофи нави 3 ҳизб аз 5 ҳизби ба парлумони Қирғизистон роҳёфта, аз ҷумла “Республика”, “Ота Журт” ва Сотсиал-демократӣ пешниҳод шуда буд. Қаблан намояндаи ҳамин эътилоф Аҳмадбек Келдибеков аз ҳизби “Ота Журт” раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Алмосбек Ҳотамбоев аз соли 1993 раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистонро бар ӯҳда дорад. Ӯ яке аз пешвоёни “инқилоби лолаӣ” дар соли 2005 алайҳи ҳукумати Аскар Оқоев буд ва пас аз ба сари қудрат омадани Қурмонбек Боқиев нахуствазири Қирғизистон таъин шуд.

 

Вале пас аз шаш моҳи ифои вазифа дар ин мақом ӯ ба мухолифони Боқиев пайваст ва аз рақибони аслии ӯ маҳсуб мешуд. Боре ӯ Қурмонбек Боқиевро  "сиёсатмадори мурда" ном бурда буд. Алмосбек Ҳотамбоев дар интихоботи президентии соли 2007 номзадии худро пешниҳод кард, аммо дар нимароҳи рақобатҳо ба нишони эътироз номзадии худро фаро хонд.

 

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки раҳбари нави ҳукуматро масъулияти сангине дар пеш аст, зеро пешбурди сиёсат бо низоми ҷумҳурии парлумонӣ талошҳои зиёдеро тақозо мекунад. Дар низоми демократияи парлумонӣ, ки раҳбарияти нави Қирғизистон пеша кардааст, бештари салоҳиятҳои раёсатҷумҳур бар души раиси ҳукумат хоҳад буд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854