ТАҲИЯИ АСНОД БАРОИ ТАХРИБИ “БАРАКАТ”
То авохири моҳи оянда ниҳодҳои зирабти шаҳрдорӣ пешнависи мусаваббаи тахриби бозори “Баракат”-ро таҳия хоҳанд кард.
Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе рӯзи душанбеи 20 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки соли гузашта шаҳрдорӣ дар мавриди манъи фаъолияти бозор тасмим гирифта ва ҳамакнун дар ҷаласаи ояндаи шаҳрдорӣ мавзӯъи тахриби ин бозор матраҳ хоҳад шуд. Оқои Саидов гуфт, ки ба ивази бозори “Баракат” дар хиёбони Сурхоби шаҳри Душанбе қитъаи 3,7 ҳектории замин барои бунёди маркази тиҷорати сетабақа ҷудо шуда ва дар сохтмони он маводди бозори “Баракат”, аз ҷумла бархе аз аҷзоъи фулузии он истифода хоҳад шуд.
“Баракат” аз қадимтарни бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсуб шуда ва дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бо номи Путовский низ маъруф буд. Мавзӯъи тахриби бозори “Баракат” дар авоили соли гузашта матраҳ шуда ва Абдувалӣ Комилов, раиси Ожонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон таъкид дошт, бар асоси нақши умумии шаҳри Душанбе дар маҳалли “Баракат” тиётр ва бинои нави Вазорати хориҷа бунёд хоҳад шуд.
Би-Би-Си