МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ БА ТОҶИКИСТОН ИСТИРДОД МЕШАВАНД
Сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон хабар дод, ки зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи шаҳри Душанбе дар чорчӯби мувофиқатномаҳое, ки миёни ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон ва Афғонистон имзо шудаанд, ба Тоҷикистон мустарад хоҳанд шуд.
Вай гуфт, рӯзи шанбеи 18 декабр дар амалиёти муштараки пулис ва маъмурони амниятии Афғонистон дар яке аз манотиқи вилояти Тахор, воқеъ дар шимоли Афғонистон, гурӯҳи ҳаштнафарии маҳбусонеро, ки моҳи сентябр аз боздоштгоҳи Кумитаи маният ва Вазорати адлияи Тоҷикистон фирор карда буданд, боздошт шуданд. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон афзуд: "Аз ифшоъи ҷузъиёт дар бораи ҳуввияти ин афрод худдорӣ мекунам, аммо метонам бигӯям, ки панҷ нафар аз инҳо тоҷикистонӣ ва се тани дигар афғонистонианд."
Оқои Башарӣ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир фирориёни боздоштшуда дар боздоштгоҳе дар вилояти Тахор ба сар мебаранд ва афзуд: "шакке нест, ки ин афрод дар чорчӯби мувофиқатномаҳои мавҷуди ду кишвар, базудӣ мустарад хоҳанд шуд". Вай афзуд ки мақомоти амниятӣ ва интизомии Афғонистон "бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориҳои муфиде доштаанд ва ин ҳамкориҳо идома хоҳад ёфт."
Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон машғули баррасии мавзӯъи истирдоди гурӯҳи маҳбусони фирорӣ ба Тоҷикистон ҳастанд.
Назирҷон Буриев, раиси бахши равобит бо ҷомеъаи Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон низ аз ифшоъи номи афроди боздоштшуда худдорӣ кард ва гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ҳуввияти афроди боздоштшуда, ки гурӯҳе аз миёни 15 маҳбуси фирорӣ аз зиндони шаҳри Душанбе ҳастнад, то ҳоло сад дарсад мушаххас нашудааст, ман наметавонам ассомии онҳоро бигӯям. Вале баъд аз истирдоди онҳо ба Тоҷикистон мушаххасоти ҳуввияти онҳоро дар ихтиёри хабарнигорон мегузорем.”
Хабари фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳҳои вобаста ба Кумитаи манияти миллӣ ва Вазорати адлия 23-юми августи соли ҷорӣ сархатти хабарҳои расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ шуда буд. Сипас, дар авоили моҳи сентябр аз боздошти ду нафар аз онҳо ва дар авохири ин моҳ расонаҳо аз қатли як тан аз ҷумлаи зиндонии фирорӣ аз кумитаи амнияти миллии ин кишвар хабар додаанд. Тибқи иттилоъи расмӣ, масъулони ниҳодҳои зидахл то ҳоло дар мавориди мухталиф ҳафт нафар аз ин фирориёнро боздошт карда ва се тани дигар аз онҳо ба ҳангоми боздошт кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда се нафар аз маҳбусони фирорӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон, Маҳмадалӣ валади Қурбоналӣ, Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим ва Муҳаммадвали валади Тозагул будаанд, ки барои убури ғайримуҷоз аз марз ва қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон боздошт ва равонаи зиндон шуда буданд. Мумкин аст се табаъаи афғонистони, ки дар гурӯҳи маҳбусони фирорӣ дар вилояти Тахор боздошт шуданд, ҳамин афрод бошанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3929-2010-12-20-10-07-50.html